Кафедраи химияи умумӣ

Кафедраи химияи умумӣ соли 2021 дар заминаи кафедраи табиӣ-илмӣ таъсис дода шуд. Мудири кафедраи мазкурро номзади илмҳои химия Олифтаева Ж.А ба ӯҳда дорад.

Айни замон дар кафедра ба таълиму тадриси донишҷӯён 3-нафар номзадон: номзади илмҳои химия, дотсент, Имомназаров Булбулназар Ақназарович, номзади илмҳои биология дотсент Мусоев Суҳроб Мамадёрович, номзади илмҳои химия Олифтаева Жола Абдулниёзовна, 1 нафар муаллимаи калон Каримова Зебинамо Давлатбековна, 8 нафар ассистентон Абдолбеков А.Г., Акимбекова Х.А., Одилова З.А., Раҳмихудоева М.Г., Давлатназарова М.Д., Хисравова М.Х., Қурбонмамадова М.З., Шикориева Ш.П машғул мебошанд.

Кафедраи химияи умумӣ барои ихтисосҳои 1-020403- химия, 1-02040601-Химия-биология ҳамчун кафедраи тахассусӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳайати устодони кафедра аз рӯи самти 02.00.00-химия корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ карда истодааст.Кори илмии кафедра се самти асосиро фаро мегирад. Аввалан, ба омӯзиши таркиби химиявии растаниҳои шифобахши манотиқи Бадахшон, дуюм коркарди ангишт ва муайян кардани таркиби химияии он ва омӯзиши пайвастагиҳои комплексӣ бо лигандаҳои органикӣ мебошанд. Аз рӯи натиҷаи корҳои илмӣ аз тарафи устодони кафедра зиёда аз 1-монография, 15-дастури методӣ, 2-патент, 200 мақолаи илмӣ ба нашр расонида шудааст.

Омӯзгори кафедра Давлатназарова М.Д аллакай аз пешдифоъ оиди кори илмӣ гузашта дар арафаи ҳимоя қарор дорад. Ассистенти кафедра Шикориева Ш.П. дар шуъбаи докторантура аз руи ихтисоси PhD таҳсил намуда, докторанти Донишгоҳи давлатии Хоруғ мебошад. Ассистенти кафедра Акимбекова Х.А. унвонҷӯи Донишгоҳи давлатии Хоруғ аз руи ихтисоси химия буда, кори илмиро дар Донишгоҳи Миллии давлатии Тоҷикистон бурда истодааст. Дар кафедра омӯзгорон ба корҳои илмӣтадқиқотӣ дар мавзӯъҳои “Муайян намудани таркиби химиявии растаниҳои шифобахш, “Экстраксияи кислотаҳои гуминӣ аз ангиштҳои Тоҷикистон”, “Методикаи таълими мавзӯъҳои муҳими химия бо методҳои нави муосир” фаъолият карда истодаанд.

Дар назди кафедра як лаборатрияи химия мавҷуд аст.

Кафедра бо факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Институти химияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба номи В.И. Никитин ҳамкориҳои судманд дорад.