КАФЕДРАИ ФАЛСАФА ВА СИЁСАТШИНОСӢ

Мудири кафедра Лутфишоев Абдулсаид Мамадсаидович
Бо қарори Шурои олимони Донишгохи давлатии Хоруғ соли 2001 кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносӣ кушода шуда, мудири он номзади илмҳои фалсафа, дотсент Ғ.Ғарибшоев таъин гардид. Аз соли 2005 то соли 2007 вазифаи мудирии кафедра ба зиммаи Шаҳмал Мамаддодов вогузошта шуд. Моҳи октябри соли 2007 муаллимаи калон Мансурова Оламгул мудири ин кафедра таъин мегардад. Аз соли 2009 номзади илмҳои фалсафа, дотсент Ғарибшоев. Ғ, то соли 2016 такроран ба вазифаи мудири кафедра таъин шуда, аз соли 2016 то 2019 вазифаи мудирии кафедраро номзади илмҳои фалсафа, дотсент Тавакалова. М, аз соли 2019 то соли 2022 дотсент Тавуров Қ.С, аз соли 2022 то 2023 м.к Хуҷаназаров Ҷ.Г ба ӯҳда дошта, аз соли 2024 то ҳол м.к Лутфишоев А.М ба ҳайси мудири кафедра фаъолият намуда истодааст.
Аз соли 2019 то соли 2022 мудирии кафедра ба зиммаи номзади илм, дотсент Тавуров Қурбонназар гузошта шуд. Аз соли 2022 ба вазифаи мудири кафедра номзади илми фалсафа, дотсент Назархудоева Л таъин гардид. Аз соли 2022 то соли 2023 Хуҷаназаров Ҷ мудири кафидраи фалсафа ва сиёсатшиносӣ таин гардид. Аз соли 2024 то ҳол м.к Лутфишое А.М ба мудири кафедра фаъолият намуда истодааст.
Дар кафедра 6- нафар номзади илм дотсент,як нафар доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, профессор Комилбек Амид Ёрбек, номзади илм дотсентон, номзадҳои илми фалсафа ҒарибшоевҒ.Қ, Назархудоева Л, ТавуровҚ.С, Тавакалова М.Қ, Ниёзбеков.Д,,8- нафар муаллими калон, МародбековаС.М, ХуҷаназаровҶ.Г ШониёзоваВ.Н., Диловаршоев М,Мирзоазизов М,Лутфишоев С,Рамазонзода Ф, ассистентон Мамадбекова.К, Назархудоева.Ф, Қосумшоева.З, Гуламадшоева М, , ,Зоолшоев С,Назарамонов А, ,Қозинаврузов Ф,Мустаҷобова Т,Собиров Ғ, ва инчунини дигар коромузон Карамхудоева А.А, Додихудоева Ё.Ш, Назархонова М ва Ғуломайдарова С аз фанҳои фалсафа, фалсафаи илм, таърихи дин, сиёсатшиносӣ, мантиқ, ҷомеашиносӣ, , фарҳангшиносӣ, этика, зебоишиносӣ, кори иҷтимоӣ таълим медиҳанд.
Дар кафедра бо аспирантон,унвонҷуён, магистрантҳо, PhD машғулиятҳои таълимӣ, сӯҳбатҳои илмӣ гузаронида шуда, аз фанни фалсафа имтиҳони дохилшавӣ ба аспирантура қабул карда мешавад.Фаъолияти таълимӣ, илмӣ-методӣ ва илмӣ- тадқиқотии кафедра натиҷабахш буда, ҳайҳати омӯзгорону олимон дар давоми солҳо мақолаҳои зиёди илмӣ, илмӣ- методӣ, илмӣ- оммавӣ ба чоп расонида, дар чорабиниҳои сиёсӣ- маърифатии ҷомеа фаъолона ширкат меварзанд. Натиҷаҳои илмӣ-тадқиқотии омӯзгорону олимони кафедра дар конфронсияҳо, семинарҳо ва симпозиумҳои илмӣ баррасӣ мегарданд. Аз тарафи омӯзгорону олимони кафедра 7 адад китоби илмӣ, 6 адад монография, зиёда аз 5 дастури методӣ- илмӣ ва зиёда аз 600 мақолаи илмӣ ба нашр расонида шудааст.
Кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносӣ бо Институти фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносии АИҶТ, бо Пажӯҳишгоҳи улуми инсонии АИҶТ, Институти биологии Помир, факултаи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дигар марказҳои илмӣ- тадқиқотии ватанӣ ҳамкориҳои зич дорад.