Факултети Биология
Декани факултет номзади илмҳои биологӣ, Давлатбек Суҳайло Худоёрбек
Факултети биология яке аз факултетҳои муҳими Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев ба шумор меравад, ки он аз аввали ташкилёбии ин маркази илмиву таълимӣ (с.1992) ба фаъолияти худ оғоз намудааст. Он дар аввал, ҳамчун шуъба дар ҳайати факултети илмҳои табиӣ ва аз 2 феврали соли 2002 то инҷониб ҳамчун факултети мустақил фаъолият дорад. Факултети биология дорои нерӯи баланди зеҳнӣ дар байни дигар факултетҳои донишгоҳ бо теъдоди олимони унвондор (номзадону докторҳои илм) пешсаф мебошад. Дар айни ҳол дар факултет 35 нафар омӯзгор ва кормандон ба таълиму тарбияи донишҷӯён машғуланд. Дар байни онхо 1 нафар академик, 1 нафар узви вобастаи АМИТ, 4 нафар докторони илм, профессор, 5 нафар номзадони илм, 6 нафар омӯзгори калон, 12 нафар ассистентон ва 6 нафар кормандони ёрирасон ба фаъолияти таълимӣ ва илмӣ машғул мебошанд.
Факултети мазкур аз рӯи ихтисосҳои биология, биология-экология, экологияи кори тиббӣ-биологӣ дар шуъбаҳои рӯзона мутахассисони касбиро тайёр менамояд.
Дар айни ҳол дар факултет 190 нафар донишҷӯ, дар шӯъбаи рӯзонаи зинаи таҳсилоти бакалавр таҳсил менамоянд, ки дар байнашон 26 нафар донишҷӯ тибқи квотаи Президентӣ таҳсил менамоянд. Теъдоди хатмкунандагони ихтисосҳои факултет дар тули фаъолият зиёда аз 3000 нафар буда, ҳоло онҳо дар муассисаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз кишвар кор ва фаъолият менамоянд.
Факултети биология маркази асосии тайёр намудани кадрҳои илмию-омӯзгорӣ барои мактабҳои олӣ ва муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад.
Дар айни ҳол дар факултет 3 маҳфили илмии донишҷӯён таҳти унвони “Географ ва сайёҳони ҷавон”, “Нозирони сабз” ва “Экологияи устувор” фаъолият доранд.
Дар назди факултет ду кафедра – кафедраҳои биология ва кафедраи ботаника ва экология фаъолият мекунанд. Мавзуи илмии факултети биология: “Гуногуннамудии биологии олами набототу ҳайвонот, маҳсулнокии растаниҳои баландкӯҳ” буда, дар доираи он, дар кафедраҳои факултет 2 мавзуи илмӣ: “ Омӯзиши хусусиятҳои биологии олами ҳайвонот ва набототи ВМКБ” дар кафедраи биологияи умумӣ ва мавзуи: ”Таъсироти тағйиребии иқлимӣ ба олами набототи кӯҳистони Тоҷикистон ”дар кафедраи ботаника ва экология иҷро шуда истодаанд.
Вобаста ба иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар айни замон аз ҷониби устодони факултет – 19 монография, 9 китоби дарсӣ, 1- патент, 80 дастури таълимӣ-методӣ ва 1050 мақолаи илмӣ ба чоп расонида шудаанд. Устодони факултет дар чорабиниҳои гуногуни вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ, аз он ҷумла дар кори симпозиумҳо, конфронсҳои илмӣ ва амалӣ, инчунин дар кори семинарҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ фаъолона иштирок намуда, донишгоҳ ва ҷумҳуриро муаррифӣ намуданд.
Факултет бо барномаҳо ва лоиҳаҳои ҷумҳуриявӣ, байналмиллӣ ҳамкории зич дорад. Дар доираи Барномаи “Рушди таҳсилот”, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки умумиҷаҳонӣ маблаггузори карда мешавад, дар назди факултет озмоишгоҳҳои экологияи таҷрибавӣ ва биотехнология кушода шудаанд ва ин озмоишгоҳҳо бо асбобҳои замонавӣ таҳҷизонида шудаанд. Дар баробари ин тавасути барномаи мазкур дар мавзеи Ҷелондеҳ пойгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ (гармхонаи иннватсиони), ки аз ҳисоби обҳои гарми зери заминӣ гарм карда шуда ҳар гуна сабзавотҳои гуногун дар тамоми фасли сол дар баландии беш аз 3600 м аз сатҳи баҳр корида мешавад, фаъолият дорад.
Барои пешбурди корҳои илмӣ ва таълимии факултети биология бо муассисаҳои гуногуни вилоятӣ ва ҷумҳурявӣ ҳамкории зич ба роҳ мондааст, аз чумла, бо: муассисаҳои Ҳудудҳои махсус муҳофизатшавандаи табиат (мануъгоҳи Зоркул, парваришгоҳи Музкул, Парки миллии Тоҷикистон), инчунин бо институти биологии Помир, касалхонаи вилоятӣ, СЭЦ, хоҷагии ҷангали вилоят, станцияи кишоварзии Помир, кумитаи ҳифзи муҳити зист, инчунин бо муассисаҳои илмии ҷумҳуриявӣ (Институти ботаника, физиологияи растаниҳо ва генетика; институти хокшиносӣ, боғпарварӣ ва ғайра) ва мактабҳои олии ҷумҳурӣ (ДДОТ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н.Хусрав, Донишгоҳи давлатии Кулоб ба номи А.Рӯдакӣ, Донишгоҳи давлатии Данғара, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва ғайра) инчунин бо Донишгохи Осиёи Маркази робитаи зич дорад.
Дар солҳои гуногун вазифаи декани факултетро доктори илмҳои биологӣ, профессор Мамадризохонов А.А. (2002- 2009, 2015-2021), дотсент Содатқадамова Т.М. (2009-2015), Наврузбекова М.Д.( 2021-2022) ба ӯҳда доштанд.
Аз соли 2023-то ҳоло вазифаи декани факултетро номзади илмҳои биологӣ, Давлатбек Суҳайло Худоёрбек ба ӯҳда дорад.