Кафедраи биоэкология ва туризм
Мудири кафедра, номзади илмҳои география, Карамхудоев Ҳалим Елчибекович
Кафедраи биоэкология ва туризм соли 2016 дар заминаи кафедраи ботаника ва физиологияи растаниҳо ташкил шуд. Мудири кафедра номзади илмҳои география Карамхудоев Ҳалим Елчибекович ба ўҳда дорад.
Айни замон дар кафедра ба таълиму тадриси донишҶўён 2-нафар доктори илмҳои биологӣ, профессорон Мамадризохонов Акбар Алихонович ва Наврузшоев Довутшо, 3 нафар – номзадони илм дотсентон Содатқадамова Таҳмина Мабатқадамовна, Ғуломнабиев Дилдор Ғуломҳайдарович ва Карамхудоев Ҳалим Елчибекович, 3 – нафар муаллимони калон – Давлатбекова Суҳайло Худоёрбековна, Тавкалова Гулазор Пайшамбиевна, Мамадамонова Гулоро Назархудоевна, ва 11-нафар ассистентон Назарбекова Рамзяи Мараматшоевна, Дустмамадова Гулнора Ҷангиквна, Пайшамбиева Маниджа Лашкарбековна, Холмамадов Асад Авобекович, Миршоева Марзия Кабутаршоевна, Қаландарбекова Фируза Саъдуллоевна, Наврузбеков Темур Давлатшоевия, Рақамова Зарритнга Риҷабековна, Содатқадамова Муслима Олимҷоновна, Латифи Парвина, ва лаборанти кафедра Хушназарова Оинамо Содатназаровна машғул мебошанд.
Кафедраи биоэкология ва туризм барои ихтисосҳои 1-890101 – сайёҳат ва меҳмондорӣ, 1-020405-03 – география, асосҳои иқтисодиёт, 1-020402 – география-омӯзгорӣ ва дар зинаи магистр биоэколог, ҳамчун кафедраи тахассусӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳайати устодони кафедра дар самти “Омӯзиши мушкилоти ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои табии Помир” корҳои илмӣ–таҳқиқотӣ мебаранд. Аз рӯи натиҷаи корҳои илмӣ аз тарафи устодони кафедра 3 китоби дарсӣ, 4 монография, зиёда аз 30 дастури методӣ, 600 мақолаи илмӣ ба нашр расонида шудааст.
Кафедра бо Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шуъбаи рушди сайёҳии МИҲД-и ВМКБ, факултети географияи Донишгоҳои омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, Пажуҳишгоҳи биологии Помир АМИ Тоҷикистон, факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факултети илм дар бораи замини Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, Асостсиатсияи экосайёҳии фарҳангии Помир, шуъбаи географияи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра алоқаи зич дорад.