Қисми таълим
Корҳои таълимию методиро дар донишгоҳ қисми таълим тавассути банақшагирӣ, ташкил, мониторинг, ҳамоҳангсозии фаъолияти таълим ва назорати сифати он ба роҳ мемонад.
Фаъолияти қисми таълим дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷумҳуриявии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ, ки ҳама мазмуну мундариҷаи ҷараёни сифати таълимро инъикос менамоянд, ба роҳ монда шудааст.
Дар сохтори қисми таълим Шурои методӣ, раёсати таълим, бахши мониторинги сифати таълим, шуъбаи бақайдгирии низоми таҳсилоти кредитӣ, бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон, маркази тестӣ ва шуъбаи таёрӣ амал менамоянд.
Ҷараёни таҳсил дар шуъбаи рӯзона дар зинаи бакалавриат (4 сола), магистратура (2 сола) ва доктор PhD аз рӯйи ихтисос (3 сола) тибқи низоми таҳсилоти кредитӣ сурат мегирад. Дар тасили ғоибона ва ё фосилавӣ донишҷӯён ба таври таҳсили фосилавӣ (4 сола), таҳсил барои гирифтани маълумоти дувуми олӣ (3 сола) ба таълим фаро гирифта шудаанд. Таҳсил дар гурӯҳҳои академӣ бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.
Қисми таълим фаъолияти худро барои ба нақшагирӣ, ташкил, мониторинг, ҳамоҳангсозии фаъолитяи таълим ва назорати сифати таҳсил мутобиқ ба талаботи ҳадди ақали мазмуну мундариҷаи барномаҳои таҳсилотӣ оид ба ихтисосҳои мансуби донишгоҳ равона кардааст.
Муайян кардани самтҳои асосии такмили самаранокӣ, таҳияи таснифоти номгӯйи тахассусҳо, таҳияи лоиҳаи нақшаҳои кори таълим, ҷадвалҳои раванди таълим, хулосаҳои ҳисоботӣ оид ба натиҷаи сессияҳои санҷишу имтиҳонӣ ва аттестатсияи хатм, коркарди тавсияҳо оид ба ҷустуҷӯйи усулҳои нави таълим, такмили сифати таълим ва тадбиқи тадриҷии низоми таҳсилоти кредитию фосилавӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти кафедраҳои тахассусӣ ва садорати факултетҳо оид ба ташкил ва гузаронидани таҷрибаомӯзиҳои таълимӣ, истеҳсолӣ ва пешаздипломӣ самтҳои афзалиятноки кори қисми таълимро ташкил медиҳад.
Шӯрои методӣ, ки ба кори он муовини якум, муовини ректор оид ба таълим роҳбарӣ менамояд, ба сифати маҳфили бузурги илмию педагогӣ ба ҳайати худ омӯзгорону донишмандони навҷӯю соҳибтаҷрибаро гирд оварда, ҷараёни таълим ва сифату самаранокии онро бо таъмини методии раванди машғулиятҳои дарсӣ, ҳамвора мавриди муҳокима қарор медиҳад. Барномаҳои таълимӣ (силлабусҳо), дастурҳои таълимию методӣ ва китобҳои дарсии донишгоҳӣ баъд аз баррасию тавсияи ин Шуро интишор мешаванд.
Дар доираи қарорҳои қабулнамудаи Шурои методӣ ва талаботҳои низомномаҳои нави тасдиқгардида, қисми таълим тайи солҳои охир якчанд маротиба лоиҳаи «Талаботи ҳадди аққали мазмуну мундариҷаи Стандарти давлатии таълимии маълумоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ихтисосҳои роиҷи донишгоҳӣ», нақшаҳои таълимии шакли таҳсили рӯзона, таҳсилоти фосилавӣ, таҳсилоти дуюми олии касбӣ, нақшаҳои таълимии дараҷаҳои академии бакалавр, магистратура ва доктор PhD аз рӯйи ихтисосро таҳия намуд, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми ҶТ тасдиқ карда шуданд.
Беҳтар гардидани пойгоҳи моддию техникии ин махзани маърифатро метавон яке аз нишондодҳои пешрафти донишгоҳ шуморид. Донишгоҳ соли 1992 дар шаҳри Хоруғ бо як бинои таълимӣ фаъолиятро оғоз намуда, имрӯз бошад таълим дар 4 бинои таълимӣ амалӣ карда мешавад. Таъмини тадриҷии пойгоҳи моддию техникӣ ба афзудани теъдоди ихтисосҳо, кафедраҳо ва факултетҳо мусоидат намуд. Айни ҳол дар донишгоҳ 9 факултет, 21 кафедра фаъолият намуда, аз рӯи 57 ихтисос мутахассисонро тайёр мекунанд. Дар равнди таълим синфхонаҳои махсусгардонидашуда, озмоишгоҳҳои таълимӣ ва технологияиҳои иттилоотӣ – иртиботии муосир васеъ истифода бурда мешаванд. Дар ин радиф 67 синфхона, 9 озмоишгоҳ, 381 адад компютер, 77 адад ноутбукњо, 32 адад моноблокњо, 130 адад принтерњо, 49 адад проекторњо ва 24 адад доскањои электронї аз тарафи донишҷӯён мавриди истифода қарор дода мешаванд.
Моҳи декабри соли 2020 донишгоҳ аз тарафи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Аттестатсияи навбатии давлатӣ гузашта, бо фармоиши директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 25.12.2020, №336) соҳиби “Иҷозатнома” оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ (Т-ИФ №0000109) то 25.12.2025 (аз 25.12.2020, №139) гардид. Мувофиқи замимаи Иҷозатномаи мазкур ба донишгоҳ барои 57 ихтисоси бакалавр, 16 ихтисоси магистр, 8 ихтисоси доктор PhD, 10 курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ иҷозат дода шуд. Моҳи августи соли 2021 донишгоҳ аз тарафи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Аккредитатсияи навбатии давлатӣ гузашта, бо фармоиши директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 02.08.2021, №561) соҳиби “Шаҳодатнома” дар бораи аккредитатсияи давлатӣ (Т-АД №0000373) то 02.08.2026 (аз 02.08.2021, №84) гардид.
Дар асоси фармоиши вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон № 923 аз 04.07.2007 дар бораи “Гузаштани муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ” донишгоҳ соли 2015 пурра ба низоми кредитии таҳсилот (НКТ) гузаронида шуд. Барои давра ба давра гузаштан ба ин низом аз ҷониби факултетҳо барномаҳои кории фаннӣ (силлабусҳо) вобаста ба фанҳои таълимии нимсолаҳо тайёр карда шудаанд. Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №254, аз 29.04.2009 «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии рушди маорифи Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015» ва фармони вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон №923, аз 04.07.2007 дар бораи «Гузаштани муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ” донишгоҳ дар соли хониши 2015-2016 бо назардошти пойгоҳи моддӣ-техникии донишгоҳ ва ҳуввияти миллии донишҷӯён низоми таҳсилоти кредитии хосро барои тамоми ихтисосҳои роиҷи донишгоҳ роҳандозӣ намуд. Ҳоло тамоми курсҳои таҳсили рӯзона ва таҳсили фосилавӣ пурра тибқи низоми кредитӣ таҳсил менамоянд.
Ҳамасола, барои устодон курсҳои омӯзишӣ оид ба раванди амалишавии низоми таҳсилоти кредитӣ, низоми таҳсилоти фосилавӣ, истифодаи технологияи муосир дар таҳсилоти фосилавӣ, аз бар намудани технологияи иттилоотӣ ва доскаи электронӣ, имлои забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, ба танзим даровардани ҳуҷҷатгузориҳо ва азхудкунии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ гузаронида мешавад.
Ҷараёни таълим дар шуъбаи рӯзона аз рӯи 3 нақшаи таълимӣ сурат мегирад. Нақшаи таълимӣ барои донишҷӯёни курсҳои 3 то 5, ки як кредит ба 24 соат баробар аст (соли 2018), нақшаи таълимии нав барои донишҷӯёни курси 2 (соли 2021) ва нақшаи таълимии типи нав (соли 2022) барои донишҷӯёни курси 1, ки ба бахшҳо ва модулҳо тақсим карда шудааст. Инчунин, донишҷӯёни шуъбаи ғоибона низ аз рӯйи 2 нақшаи таълимӣ, ки курсҳои 2 – 4 ба тарзи фосилавӣ ва курси 1 бо нақшаи таълимии типи нав, ки як кредит – 24 соат аст ва ба бахшҳо ва модулҳо тақсим карда шудааст, таҳсил менамоянд.
Дар солҳои гуногун дар вазифаи муовини ректор оид ба таълим Муқбилшоев Мақсудшо, Қаландарбеков Имомёрбек, Сабоиев Саломатшо, Алимшоев Мамадризо, Некқадамов Ширинбек, Шозиёев Шоҳкарим ва айни замон дар ин вазифа Ғоибназарзода С.М. фаъолият менамояд.