Факултети илмҳои табиӣ

Декани факултет илмҳои табии Акмибекзода Хазон Азизмамад 

Факултети илмҳои табиӣ аз рузи аввали таъсисёбии донишгоҳ (1992) чун факултети мустақил то ҳозир фаъолият намуда истодааст. Дар заминаи факултети илмҳои табиӣ факултетҳои иқтисод, математика ва биология таъсис дода шуданд.

Дар назди факултети илмҳои табиӣ 2-кафедра: кафедраи фанҳои муҳандисӣ ва кафедраи химияи умумӣ фаъолият доранд. Теъдоди умумии омузгорон ва кормандони ёрирасони факултет 30 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора, 5-номзади илм дотсент (2-ҳамкор) 6-муаллими калон; 14-ассистент (3-лаборанти озмоишгоҳҳо); 4-корманди ёрирасон (2-котибаи кафедра, 1-котибаи факултет, 1-танзимгари факултет) –ро ташкил медиҳад

Пойгоҳи моддию техникии факултет иборат аз -1-марказ (маркази инноватсионии геоинформатика) ва 4-озмоишгоҳ (“Лабораторияи минерология ва петрография”; “Лабораторияи конҳои канданиҳои фоиданок ва таҳлили шлих”; “Лабораторияи суфтакунӣ ва коркарди санг” ва “Лабораторияи химия” фаъолият мекунанд.Факултет из рӯи 6 ихтисос: сохтмони гидротехникӣ, геология ва инкишофи ККФ, гидрогеология ва геологияимуҳандисӣ, санъати тасвирӣ, нақшакашӣ ва технологияи меҳнат, химия ва химия -биология мутахассисони соҳибмаълумотро омода менамояд, ки дар муассисаҳои миёна ва олиӣ касбӣ, дар пажуишгоҳҳои илмӣ ва лоиҳакашӣ, эксипидитсияҳои геологӣ, сохтмони неругоҳи барқии обӣ, ташкилоту корхонаҳои давлатию байналхалқӣ кору фаъолият менамоянд.

Дар давраи ҳозира дар факултет 392 нафар донишҷу таҳсил доранд. Аз теъдоди умумии донишҷӯён 30 нафар тибқи квотаи Президентӣ ва 12 нафар донишҷӯ аз вилоятҳои Суғд, Хатлон ва НТМ мебошанд.

Дар пешбурди корҳои илмӣ–тадқиқотӣ ҳайати устодони факултет дар самтҳои технологияҳои энергия сарфкунанда, геология, сохтмони иншоотҳои гидротехникӣ ва химияи умумӣ саҳми назаррас доранд. Олимони факултет натиҷаи корҳои илмӣ тадқиқотиро дар шакли 7-китоби дарсӣ, 5-монография, зиёда аз 19 патент, 65 дастури методӣ, 700 мақолаи илмӣ нашр намудаанд.

Маҳфилҳои илмии донишҷӯён: “Химикони ҷавон ” ва “Муҳандисони ҷавон” фаъолият доранд, ки дар семинарҳо ва конференсияҳои сатҳи гуногун бо мавзӯҳои илмиӣ – актуалӣ мунтазам баромад мекунанд.

Дар ҳамин давра дар пажуҳишгоҳҳои илмӣ–тадқиқотии ҷумҳуриявӣ ва берунмарзӣ зиёда аз 30 нафар хатмкунандагони факултети илмҳои табиӣ дар шӯъбаҳои рӯзона ва ғоибонаи аспирантура, магистратура ва PhD таҳсил карда истодаанд.

Факултетро то соли 2025 зиёда аз 2895 нафар хатм намудаанд ва ҳамчун мутахассиси арзанда дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ кору фаъолият намуда, дар пешрафту инкишофи Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда гузошта истодаанд.

Дар пешрафти фаъолияти факултет саҳми дотсентон  Элназаров С.А., Имомназаров Б.А, дотсент Олифтаева Ж.А., Давлятназарова М.Д.,Мусоев С.,муаллимони калон Назриев Ҳ.Қ., Сарадбеков Р., Каримова З.Д, Ҷонмамад. М.Т., Акимбекзода Х.А., Одилова З.А.,Раҳмихудоева М.Г,Қурбонмамадова С.М.,Суҳробшоева Р.,Мамаднабиева А.П.,Бунетов Н.А.,Бахтибекова А.Қ.,Содиқова С.А.,Холиқназарова С.,ва Мазорбонов К.Х., саҳми арзанда доранд.

Аввалин декани ин факултет соли 1992 д.и.б, профессор Раҳмихудоев Гулаҳмад таъин гардид ва то соли 1996 ва аз соли 2001 то 2003 дар ин вазифа кору фаъолият намуд. Минбаъд вазифаи декани факултетро д.и.б, профессор Сабоиев Саломатшо (1996-1998); д.и.б., профессор Мамадризохонов Акбар (1998-2001); муаллими калон Сарадбеков Равшанбек (2003-2004) ва (2006-2009); н.и.б, дотсент Наврузбекова Мунира (2004-2006 ва (2012-2015); н.и.х, дотсент Имомназаров Булбулназар (2015-2022), ва номзади илмҳои кишоварзӣ Хусравбекова Зартогул Г (2022-2024) ва аз соли 2024 то ин ҷониб иҷрокунандаи вазифаи декани факултети илмҳои табии Акмибекзода Хазон Азизмамад  мебошад.