ФАКУЛТЕТИ ТАЪРИХ ВА ҲУҚУҚ

Декани факултет номзади илмҳои таърих, дотсент Мамадсалимов Н.А.

Факултети таърих ва ҳуқуқ моҳи августи соли 1992 аз рӯзҳои аввалини ташкилшавии Донишгоҳи давлатии Хоруғ бо номи факултети гуманитарӣ (таърих, филологияи тоҷик ва шарқ) таъсис ёфта буд.

Факултети таърих ва ҳуқуқ дорои нерӯи баланди зеҳнӣ буда, айни ҳол дар таълиму тарбияи донишҷӯён 60 нафар ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандон машғуланд. Дар қатори онҳо 1 нафар доктори илм, профессор, 15 нафар номзадони илм, 14 нафар омӯзгори калон, 25 нафар ассистентон, 6 нафар кормандони ёрирасон ва 12 нафар омӯзгорони ҳамкор фаъолият доранд.

Факултети таърих ва ҳуқуқ аз рӯи ихтисосҳои таърих, таърих ва ҳуқуқ, таърихи дин ва кори иҷтимоӣ дар шуъбаи рӯзона ва аз рӯи ихтисоси таърих ва ҳуқуқ дар шуъбаи фосилавӣ мутахассисони касбиро тайёр менамояд.

Айни ҳол дар факултет 352 нафар донишҷӯ, аз ин миқдор 241 нафар донишҷӯ дар шуъбаи рӯзонаи зинаи таҳсилоти бакалавр ва 111 нафар дар низоми таҳсилоти фосилавӣ, инчунин тибқи квотаи Президентӣ 17 нафар донишҷӯ таҳсил доранд. Дар назди кафедраҳои факултет 16 магистрант ва 4 докторанти PhD ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Теъдоди хатмкунандагони ихтисосҳои факултет дар тули 30-соли фаъолият зиёда аз 2000 нафар буда, онҳо дар муассисаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз кишвар чун мутахассиси беҳтарин фаъолият доранд.

Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо дастгоҳҳои ҳукуматӣ, вазоратҳо, мактабҳо, донишгоҳҳо, марказҳои илмии вилоятию ҷумҳурӣ, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, Кумитаи ҷавонон ва варзиш аз ҳисоби хатмкардагони факултет соҳиби мутахассисони баландихтисос гаштанд. Зиёда аз 20 нафар хатмкардагони факултет дар ташкилотҳои байналхалқӣ фаъолият доранд.

Факултет аз он ифтихор дорад, ки хатмкардагонаш имрӯз дар марказҳои илмии Инглистону Руссия, Амрико ва Олмон таҳсил карда, ҳамзамон кори илмиро пеш бурда истодаанд ва бо ин восита донишгоҳро дар ин кишварҳо муаррифӣ менамоянд.

Дар факултет се маҳфили илмӣ «Таърихчиёни ҷавон», «Ҳуқуқшиносони ҷавон» ва маҳфили «Дӯстдорони фалсафа» амал менамоянд, ки дар таълим ва тарбияи донишҷӯён саҳми босазое доранд.

Дар факултет се кафедра: кафедраи таърих ва диншиносӣ, кафедраи таърихи халқи тоҷик ва кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносӣ амал менамоянд.

Корҳои илмӣтадқиқотии факултет ба омӯзиши таъриху этнографияи Бадахшон, омӯзиши таърихи халқи тоҷик ва системаи ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудаанд.

Вобаста ба иҷрои корҳои илмӣтадқиқотӣ айни замон аз ҷониби устодони факултет 14 монография, 40 китоб, 8- патент, 1200 мақолаи илмӣ, 50 дастури таълимӣметодӣ ва асарҳои илмӣ ба чоп расонида шудаанд. Устодони факултет дар конгрессҳо, симпозиумҳо, конференсияҳои илмии байналмилалӣ дар Эрону Руссия, Швейтсария, Венгрия, Олмон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва дигар мамлакатҳо бо маърӯзаю гузоришҳои илмӣ баромад мекунанд ва бо муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ ва берун аз он ҳамкорию робитаи зич доранд.

Ҳамкории факултети таърих ва ҳуқуқ бо муассисаҳои гуногуни ҷумҳурӣ Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Донишгоҳи давлатии Кулоб ба номи А. Рӯдакӣ, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н. Хусрав, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б. Ғафуров, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, Институти илмҳои гуманитарии Помир ба номи Б. Искандаров ва дигар муассисаҳо ба роҳ монда шудааст.

Дар солҳои гуногун вазифаи декани факултетро доктори илмҳои филологӣ, профессор Юсуфбеков Ш.П. (1992-1995), номзади илмҳои филологӣ, дотсент Мамадамбарова Ш.С. (1995-2000), номзади илмҳои таърих, дотсент Алимшоев М.М. (2000-2003, 2004-2007), муаллимаи калон Мансурова О.С. (2003-2004), номзади илмҳои таърих, дотсент Шоинбеков А.А. (2007-2014), номзади илмҳои таърих, дотсент Абдураҳмонов З.В. (2014-2016), номзади илмҳои фалсафа, дотсент Назархудоева Л.Т. (2016-2022) ба ӯҳда доштанд. Аз моҳи августи соли 2022 дар вазифаи декани факултет номзади илмҳои таърих, дотсент Мамадсалимов Н.А. мебошад.