Кафедраи менеҷмент ва маркетинг

 

Мудири кафедра номзади илмҳои иқтисод Валимуҳамадхон Гулмуҳамад Валдош Давлатназар

Кафедраи менеҷмент ва маркетинг соли 2010 дар заминаи кафедраи назарияи иқтисод ташкил ёфт. Мудири кафедра номзади илмҳои иқтисод Валимуҳамадхон Гулмуҳамад Валдош Давлатназар ба уҳда дорад.

Айни замон дар кафедра ба таълиму тадриси донишҷӯён 4 нафар номзади илмҳои иқтисод ғоибназарзода Саид Муҳаммадназар, Сайфуллоева Олга Амонуллоевна, Валимуҳамадхон Г. В. Д. ва Шоидарвозова Марзия Саидвалиевна, 5 нафар муаллими калон Мамадаёзова А. А., Алиёрова М. Д., Валдошова Г. В. , Аноятшоева Ф. А., Силталиева Ш. А., 8 нафар ассистенти кафедра Насрадиншоева М. А., Кенҷаева М. М., Азизбекова Л.О., Султонбекова М. Р., Валиева Ф. , Мардоншоева Ш. Б., Ҷумъаев М. Н., Гадомамадова С. Н. ва як нафар лаборант Мералишоева М. Б. машғул мебошанд.

Кафедраи менеҷмент ва маркетинг барои ихтисосҳои 1-260202 – Менеҷмент, 1-26020206 – Менеҷменти иҷтимоӣ маркетинг, 1-960101-02 – Таъмини иқтисодии фаъолияти гумрукӣ ва 1 – 26020104 – Таъминоти ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ дар зинаи бакалавр ва 1-260202 – Менеҷмент, 1-26020206 – Менеҷменти иҷтимоӣ маркетинг дар зинаи магистр, ҳамчун кафедраи тахассусӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳайати устодони кафедра дар самти мавзӯи “Нақши саноатикунонии кишоварзӣ ва татбиқи пулҳои рақамӣ дар бозори шабакавӣ” корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ мебаранд. Аз рӯи натиҷаи корҳои илмӣ аз тарафи устодони кафедра 3 монография, зиёда аз 50 дастури методӣ 6 патент, 200 мақолаи илмӣ ба нашр расонида шудааст.

Дар кафедраи менеҷмент ва маркетин аудиторияҳо бо таъҷизоти беҳтарини сатҳи байналмиллалии технологияи навтарини вербалӣ-электронӣ таҳҷизонида шудаанд. Инҳо аз қабили тахтаҳои электронӣ, проекторҳо ва компютерҳо мебошанд.

Кафедра бо шуъбаи тадқиқоти иҷтимоӣ-иқтисодии Бадахшони ИИГ ба номи академик Б. Искандарови АМИ Тоҷикистон ва кафедраи назарияи иқтисоди Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, Ширкати барқии «Помирэнержӣ», Идораи таъмин ва истифодабарии оби ВМКБ ва ғайра алоқаи зич дорад.

Мавзуъҳои ба Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилоотии назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷустуҷӯи мавзӯӣ пешниҳод гардида:

1. Мудирияти мувофиқатпазирии фарҳанги ахлоқи муошират дар кишоварзии назди сарҳадӣ бо татбиқи пулҳои рақамӣ дар бозори шабакавӣ

2. Дурнамои инкишофи сармоягузории модели индустриалӣ-аграрии ноҳияҳои куҳии ҷумҳурии Тоҷикистон (дар мисоли ВМКБ)

3. Об манбаъи муҳим дар шароити рақамигардонии захираҳои материалии минтақаҳои куҳии ҷумҳурии Тоҷикистон (дар мисоли ВМКБ)

4. Назарияи нархи арзишнокии захираҳои материалии иқтидори геоиқтисодии ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити иқтисоди рақамӣ

Инчунин дар мавзӯи “Мудирияти самараноки иқтисодиёти сармоягузории соҳавии мувофиқатпазири татбиқи пулҳои рақамӣ (дар мисоли соҳаи сайёҳӣ нигориши рисолаи магистрӣ барои дифоъ омода мешавад.

Омӯзиши назариявии маводи таҳлилӣ асосан дар китобхонаи факултети иқтисод гузаронида мешавад. Инчунин, ассистентони кафедра дар мавзӯҳои “Франчайзинг ҳамчун василаи рушди соҳибкорӣ”, “ҳолатҳои идоракунии истеҳсолоти саноатӣ ва бозори меҳнат” ва “Саноатикунонии босуръати мамлакат” кори илмӣ тадқиқотӣ мегузаронанд.