Кафедраи биология

Мудири кафедра н.и.б., дотсент Содатқадамова Т.М.

Кафедраи биологияи умумӣ яке аз кафедраҳои факултети биологияи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба шумор меравад, ки аз рӯзҳои аввали ташкилёбии донишгоҳ (соли 1992) фаъолият дорад. Кафедраи биологияи умумӣ аз аввали ташкилёбии Донишгоҳи давлатиии шаҳри Хоруц кор ва фаъолият дорад. Дар рӯзҳои аввали таъсисёбӣ роҳбарии кафедраро номзади илмҳои кишоварзӣ И.Қонунов (солҳои 1992-1994) ба ӯҳда  дошт. Баъд аз ин роҳбарии кафедраро доктори илмҳои биологӣ, профессор (А.Ниятбеков) (солҳои1994-1996), доктори илмҳои биологӣ, профессор А.А.Мамадризохонов (солҳои 1996-1998), доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор Г. Раҳмихудоев (1999-2002), номзади илмҳои биологӣ, дотсент А.Ғ.бдулназаров (солҳои 2002-2005), доктори илмҳои биологӣ, профессор С.Сабоиев (солҳои 2005-2011) ба зимма доштанд.

Аз соли 2011-2012 сарварии кафедраро номзади илмыои биологӣ, дотсент М.Наврузбекова, ва аз соли 2012 то 2022 вазифаи мудири кафедраро муаллимаи калони кафедра Хусравбекова З.Г. ба ӯњда дошт.   Аз моҳи сентябри соли 2022 то ҳол вазифаи мудири кафедраро н.и.б. дотсент Содаткадамова Т. М. ба ӯҳда доранд.

 Аз моҳи сентябри соли 2025 номи кафедраи биологияи умумӣ ба кафедраи биология  иваз карда шуд. Айни  замон дар кафедраи биология 1 нафар академики АМИТ (Фелалиев А.С.),  як нафар Узви вобастаи АМИТ (Абдуламонов Қ.) 2 нафар доктори илм (Сабоиев С., Абдулназаров А.Ғ.) 1 номзади илм, 4- муаллими калон ва 3 ассистент, 2 коромӯз кору фаъолият намуда истодаанд.

          Мавзӯи илмии кафедраи биология “Таъсири тағйирёбии иқлим ба гуногуннамудии олами наботот ва ҳайвоноти баландкӯҳи Помир”мебошад, ки ҳайати омӯзгорони кафедра аз рӯи мавзӯҳои илмӣ корҳои илмиро пеш бурда истодаанд. Омӯзгорони кафедра Алиназарова М.Р. дар мавзӯи “Методикаи омодасозии мутахассисони ояндаи бо истифода аз технологияҳои иттилоотию комуникатсионӣ” ва Холдорбеков З.С дар мавзӯи “Интродуксия ва хусусиятҳои агробиологии парвариши навъҳои интродусентии бектошӣ дар шароити Помири Ғарбӣ” корҳои илмиро аллакай ба анҷом расониданд. Омӯзгорони дигар низ корҳои илмиро аз рӯи мавзӯҳои тасдиқшуда пеш бурда истодаанд.

Дар самти таълимӣ- методӣ омӯзгорони кафедра дастурҳои методӣ-таълимӣ, китобҳои дарсиро аз фанҳои мухталиф тартиб дода, аз рӯи он раванди таълимро пеш бурда истодаанд.

Кафедраи биология бо як қатор марказҳои калони илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар робитаи зичи илмӣ дорад, ки муҳимтаринашон Институти биологии Помир ба номи Х.Юсуфбеков, Институти ботаника, физиология ва генетикаи АМИТ, Донишгоҳи ш.Воронежи ФР, Боғи марказии ботаникии Москва, Пажӯишгоҳи набототшиносии Санкт-Петербург, Боғи Марказии ботаникии Алма – Ато, Боғи марказии ботаникии Новосибирск, Пажӯҳишгоҳи физиология, генетика ва биоинженерияи растаниҳои вазорати маориф ва  илми Ҷумҳурии Қазоқистон, Пажӯишгоҳи биология ва хоки Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Қирғизистон, Донишгоҳи давлатии миллии Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ва ғайра.