Факултети иқтисод

Декани факултет Мамадаёзова А

Факултети иқтисод аввал ҳамчун шуъба дар ҳайати факултети илмҳои табиӣ ва аз соли 1993 то инҷониб чун факултети мустақил фаъолият дорад. Факултети иқтисод дорои нерӯи баланди зеҳнӣ аст ва айни ҳол дар таълиму тарбияи донишҷӯён 29 нафар ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандон ба таълиму тарбия машғуланд. Дар қатори онҳо 1 нафар пофессор доктор илмҳои иқтисодӣ, 4 нафар номзадони илм, 11 нафар омӯзгори калон, 13 нафар ассистентон, 5 нафар кормандони ёрирасон ва 4 нафар устоди ҳамкор фаъолият доранд.

Факултети иқтисод аз рӯи ихтисосҳои иқтисоди ҷаҳон, таъмини иқтисодии фаъолияти гумрукӣ, менеҷменти иҷтимоӣ, менеҷмент, кори бонкӣ, маркетинг, таъмини ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ, баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит дар шуъбаҳои рӯзонаю фосилавӣ мутахассисони касбиро тайёр менамояд.

Айни ҳол дар факултет 350 нафар донишҷӯ, аз ин миқдор 152 нафар донишҷӯ дар шуъбаи рӯзонаи зинаи таҳсилоти бакалавр ва 188 нафар дар низоми таҳсилоти фосилавӣ таҳсил доранд. Дар назди кафедраҳои факултет 23 магистрант ва 4 докторанти PhD ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Теъдоди хатмкунандагони ихтисосҳои факултет дар тули фаъолият зиёда аз 9310 нафар буда, онҳо дар муассисаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз кишвар чун мутахассиси беҳтарин фаъолият доранд.

Дар назди факултет кафедраҳои назарияи иқтисод, менеҷмент ва маркетинг фаъолият менамоянд.

Корҳои пажуҳишии ҳайати устодони факултет ба масъалаҳои мумбрами иқтисодиёт, менеҷмент, маркетинг раона буда, вобаста ба иҷро корҳои илмӣтадқиқотӣ айни замон аз ҷониби устодони факултет 5 монография, 3 китоби дарсӣ, 2- патент, 200 мақолаи илмӣ, 5 дастури таълимӣметодӣ ба чоп расонида шудаанд. Устодони факултет дар симпозиум, конференсияҳо ва семинарҳои илмии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат меварзанд.

Факултет бо барномаҳо ва лоиҳаҳои ҷумҳуриявӣ, байналмиллӣ ҳамкорӣ дорад. Дар доираи Барномаи “Таъсис додани маркази тадқиқотӣ” бо маблағгузории Ҷамъияти саҳомии кушоди Бунёди Мадад дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода шуд. Дар доираи ин лоиҳа омӯзгорон тадқиқот оид ба мавзӯъҳои актуалии иқтисодии ВМКБ гузаронида, натиҷаҳоро дар маҷаллаи Паёми донишгоҳ нашр намуда, монография аз чоп бароварданд.

Ҳамкории факултети иқтисод бо муассисаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба мисли Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати рушди сайёҳии ВМКБ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи Осиё Марказӣ, Институти гуманитарӣ ба номи Б. Искандаров, ва дигар муассисаҳо ба роҳ монда шудааст.

Дар солҳои гуногун вазифаи декани факултетро номзади илмҳои иқтисодӣ Муқбилшоев М (1992 1996), доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Ҷонмамадов Ш. (1996-1998), Мамадаёзов Н (1998-2003), номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Шоидарвозова М. (2003-2009), номзади илмҳои риёзӣ, дотсент Одинабеков Ҷ (2009-2015) номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Шоидарвозова М. (20016-2021) ба ӯҳда доштанд. Аз соли 2022 дар вазифаи декани факултет Мамадаёзова А фаъолият намуда истодааст.