КАФЕДРАИ АДАБИЁТ ВА ЖУРНАЛИСТИКА

Кафедраи адабиёт ва журналистика (дар ибтидо адабиёти тоҷик) яке аз аввалин кафедраҳои Донишгоҳ ба шумор рафта, бо таъсис ёфтани Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев соли 1992 ташкил карда шудааст. Дар оғози таъсисёбиаш дар ҳайати кафедра ҳам фанҳои забоншиносӣ ва ҳам фанҳои адабиётшиносӣ дохил гардида буданд ва баъдан дар заминаи ҳамин кафедра ду кафедраи дигар, кафедраи забони тоҷикӣ ва кафедраи забонҳои шарқ таъсис дода шуданд.

Кафедра дорои патенсиали баланди илмӣ буда, аз давраи таъсиёбии худ дар ин кафедра устодони соҳибтаҷриба ва унвондор фаъолият менамуданд. Дар кафедра Юсуфбеков Ш., Назарова Э., Офаридаев Н., Шакармамадов Н., Қурбонмамадов Ш., Мирзоҳасанов Л., Чароғабдолов А., Давлатбеков Л., солҳои зиёд сарварии кафедраро ба ухда доштанд ва дар пешрафти илмӣ ва педагогии он саҳми назаррас доранд.

Маҳз кор ва фаъолияти бемисли ин шахсон буд, ки имрӯз дар кафедра 5 номзади илм дотсент, 5 муаллими калон ва 11 ассистенти дар се бахш, адабиётшиносӣ, рӯзноманигорӣ ва санъати мусиқӣ фаъолияти илмӣ ва педагогӣ карда истодаанд.

Дар кафедра аз замони таъсисёбиаш (1992) омӯзгорон Салимшо Алимшоев, Суннатулло Абдуллоев, Мародбекова З, Қаландаров Ҳ. (алъон док.илм), Лоло Давлатбеков (алъон.и.ф.) Шукрат Карамхудоев (алъон.и.ф.) Саидҳасаншоев (алъон устоди ДОМ) фаъолият намуданд, ки имрӯз ҷои кори худро иваз кардаанд.

Чанд сол пеш патенсиали илмии кафедра дар дохили донишгоҳ хеле баланд буда, доктори илмҳои филологӣ, профессор, Н. Шакармамадов, муаллими калон Қурбонмамадов Ш. (шоири халқии Тоҷикистон, Ширин Бунёд), муаллими калон Чароғабдолов А. фаъолият доштанд, ки мутаасифона имрӯз дар қайди ҳаёт нестанд.

Аъзоёни кафедра асосан аз рӯи самти тадқиқоти адабиётшиносӣ фаъолият намуда, корҳои илмӣ-тадқиқотиро дар бахши «Тадқиқи рӯзгору осори адибони адабиёти классикӣ, адабиёти муосир, адабиёти хаттӣ ва фолклори Бадахшон» корҳои илмӣ –тадқикотӣ бурда истодаанд.

Якчад сол аст, ки дар заминаи кафедра Адабиёти тоҷик бахши рӯзноманигорӣ таъсисдодашуд, ки дар ин бахш 5 муаллими сохибтаҷриба, 1 номзади илм, се муаллими калонва 1 ассистент кор карда истодаанд. Бахши рӯзноманигорӣ дар тайёр намудани кадерҳои рӯзноманигори саҳмгузор буда, бо идораҳои расонаҳои хабарии вилоят, радио ва телевизион ва идораи газетаи вилоятӣ ҳамкории зич дорад.

Имрӯзҳо низ бо роҳбарӣ ва саҳмгузории омӯзгорон: н. и. ф. Раҳматуллоева Г. А; н. и. ф. Шофақирзода Р. М., н. и. ф. Мирзоҳасанов Л; н. и. ф. Азорабеков С; н. и. ф. Тавакалов Ҳ, н. и. ф. Беҳронов Ҷ., кафедра дорои патенсиали илмии баланд буда, дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисос саҳми худро гузошта истодаанд.