ФАКУЛТЕТИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ

Декани факултет номзади илмҳои филологияи англис Карамхудоева Л.Т.

Факултети забонҳои хориҷӣ аз соли 1993 ҳамчун шӯъба дар ҳайати факултети гуманитарӣ фаъолият карда, аз соли 2000-ум ҳамчун факултети мустақил таъсис ёфтаст. Факултети забонҳои хориҷӣ дорои нерӯи баланди зеҳнӣ аст ва айни ҳол ба таълиму тарбияи донишҷӯён 49 нафар ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандон машғуланд. Дар қатори онҳо 1 нафар докторони илм, профессор, 3 нафар номзади илм, 19 нафар омӯзгори калон, 22 нафар ассистентон, 4 нафар кормандони ёрирасон ва 1 нафар устоди ҳамкор фаъолият доранд.

Факултети забонҳои хориҷӣ аз рӯи ихтисосҳои забони англисӣ, забони русӣ, забони олмонӣ, забони чинӣинформатикӣ ва забони муосири тарҷумон мутахассисони касбиро тайёр менамояд.

Айни ҳол дар факултет 267 нафар донишҷӯ, дар шуъбаи рӯзонаи зинаи таҳсилоти бакалавр ва инчунин тибқи квотаи Президентӣ 48 нафар донишҷӯ таҳсил доранд. Дар назди кафедраҳои факултет 22 магистрант ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Теъдоди хатмкунандагони ихтисосҳои факултет дар тули фаъолият зиёда аз 2500 нафар буда, онҳо дар муассисаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз кишвар чун мутахассиси беҳтарин фаъолият доранд.

Факултети забонҳои хориҷӣ маркази асосии тайёр кардани кадрҳои илмию-омӯзгорӣ барои мактабҳои олӣ ва муаллимони мактабҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ мебошад.

Дар факултет 2 маҳфили илмӣадабӣ донишҷӯён таҳти унвони “Золотой век русской литературы” ва William Shikspear фаъолият доранд.

Дар назди факултет се кафедра-кафедраҳои забонҳои хориҷӣ, филологияи англис, забон ва адабиёти фаъолият менамоянд. Корҳои илмӣтадқиқотии факултет аз рӯи самти муқоисаи типологии таърихӣ бо омӯзиши забонҳои шарқи иронии бехати забонҳои гуруҳи помирӣ забонҳои шуғнонӣрушонӣ, вахонӣринӣ, сангличимунҷонӣ ва сариқулии ба роҳ монда шуда тадқиқотҳои илмиро пеш бурда истодаанд.

Вобаста ба иҷро корҳои илмӣтадқиқотӣ айни замон аз ҷониби устодони факултет 6 монография, 3 китоби дарсӣ, 1- патент, 96 мақолаи илмӣ, 14 дастури таълимӣметодӣ ва асарҳои илмӣ ба чоп расонида шудаанд. Устодони факултет дар симпозиум, конфронсҳо ва семинарҳои илмии ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ ширкат меварзанд.

Дар доираи Лоҳияи байналмилалии Ҷамъиятии кушодаи институти Бунёди мадади Тоҷикистон, устодони факултет пешбарандаи лоиҳаи “Инкишофи тафаккури интиқодӣ тавассути хониш ва хат” дар ДДХ ба номи М.Назаршоев ба ҳисоб мераванд.

Факултет бо Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Донишгоҳи миллии Тољикистон, Донишгоњи Осиёи Марказӣ, Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва Институтҳои соҳавӣ ҳамкорӣ дорад.

Факултетро дар солҳои гуногун устодон К.Раҳимов, Ф. Руштова, Ш. Хуромонов, М. Мамадасламов, Абдухамидова П. ва Абодуллоева С. роҳбарӣ намуда, аз моҳи сентябри соли 2022 дар вазифаи декани факултет номзади илмҳои филологияи англис Карамхудоева Л.Т. мебошад.