ФАКУЛТЕТИ ПЕДАГОГӢ

Декани факултет номзади илмҳои филологӣдотсент Беронов

Факултети педагогӣ аз соли 1998 то соли 2000 ҳамчун шуъбаи педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ амал менамояд. Ихтисоси мазкур дар дохили факултети физика ва математика таъсис ёфт ва аз соли 2002 дар заминаи педагогика ва методи таълим ихтисоси ғоибонаи педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ ташкил шуда, соли 2015 ҳамчун факултети педагогӣ таъсис ёфт ва аз ин давра то ҳол факултет дорои ихтисосҳои методикаи таълими ибтидоӣ, педагогикаи иҷтимоӣ, таҳсилоти томактабӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ, санъати мусиқӣ буда, фаъолият карда истодааст. Факултети мазкур дорои нерӯи баланди зеҳнӣ буда, ҳайни хол 62 нафар айҳати профессорон, омӯзгорон ва кормандон дар таълиму тарбияи донишҷӯён машғуланд. Дар қаттори онҳо 1 доктори илм, 8 номзади илм ва 53 нафар омӯзгор фаъолият намуда, аз инҳо 10 нафар ҳамкор мебошанд.

Айни ҳол дар факултет 233 нафар донишҷӯ дар гурӯҳи рӯзона таҳсил менамоянд. Аз ин миқдор 7 нафар тибқи квотаи Президентӣ ва 143 духтар, 90 писар дар гурӯҳҳои буҷавӣ ва шартномавӣ дар зинаи бакалаврият ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Факултет дорои се кафедра: кафедраи педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ, кафедраи педагогика, равоншиносӣ ва методикаи таълим ва кафедраи тарбияи ҷисмонӣ мебошад ва имрӯз маркази асосии тайёр кардани кадрҳои илмию –омӯзгорӣ барои мактабҳои таҳсилоти умумии миёна ва муассисаҳои томактабии ҷумҳурӣ саҳмгузор буда, дар тули фаъолияти хеш факултет зиёда аз 4000 нафар кардҳои соҳаҳои мазкурро тайёр намудааст, ки имрӯз дар тамоми қаламрави чумҳурии Тоҷикистон кор ва фаъолият карда истодаанд.

Дар факултет 5 маҳфили илмии донишҷӯён таҳти унвони «Биё бо ҳам бихонем, «Математикони ҷавон», «Варзишгарон ва ҳомиёни ҷавон» ва «Педагогону равоншиносони ҷавон фаъолият доранд.

Вобаста ба иҷрои корҳои илмӣтадқиқотӣ айни замон 4 монография, 3 китоби дарсӣ, зиёда аз 72 мақолаҳои илмӣ, 7 дастури таълимӣ ба чоп расонида шуданд.

Факултети педагогӣ тавассути заҳмату кӯшиши устодону кормандони он бо марказҳои шинохтаи тадқиқотии маркази ҷумҳурӣ ва берун аз он ба мисли Донишгоҳи марказии Москва ба номи М. В. Ломоносов, Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург, Донишкадаи омӯзгории Санкт-Петербург ба номи А.И. Герцен, Донишгоҳи давлатии Белоруссия, Пажуҳишгоҳи физикаи ба номи А.Ф., Санкт-Петербург ва ғайра ҳамкориҳои қавии илмиро барщарор намудаанд.

Дар солҳои гуногун вазифаи декани факултетро номзади илмҳои Физика ва риёзӣ Фелалиев (2009-1018), номзади илмҳои педагогӣ қадамов (2018-2019), номзади илмҳои физика математика Шозиёев (2019 то 02 2022), муаллимаи калон Шабозова С. (02. 22 – 09. 22) сарварӣ намуда, айни замон номзади илмҳои филологӣ, дотсент Беронов декании факултетро бар зима дорад.