Соли 2006 бо талошҳои пайгиронаи раёсати он вақтаи донишгоҳ доктори илмҳои физикаю математика, профессор Г.Ҷангибеков таклиф ва ташаббуси номзади илмҳои физика-математика дотсент М. Зарифбеков ва барои фаъолияти пурсамари факултети математика ва баланд бардоштани сифати таълим ва савияи илмии мутахассисони математика дар назди факултет кафедраи «Таҳлили функсионалӣ ва муодилаҳои дифференсиалӣ» (ТФМД) таъсис ёфт. Дар ҳайни ҳол мудири кафедра номзади илмҳои физика-математика, дотсент Мамадаёзов Н.М. ба ӯҳда дорад.
Айни замон дар кафедра ба таълиму тадриси донишҷӯён 2 нафар – номзади илмҳои физика ва математика, дотсент Мамадаёзов Н.М. ва Заргаров Ҷ.Ҷ., 7 – нафар муаллими калон Шоидарвозова Г.С., Қонунова У.Х., Шомуродов З.Б., Шогунбекова Г.Ш., Шоҳинбекова Ш. С.. Мавлоназарова М.А., Наврузмамадова С.Р., 11-нафар ассистентон Сафдарқулова Ҳ. Н., Гуламадшоева М.Г., Давлатназарова А.С., Ҷангибеков М.И., Ғуломнабиев А.Д., Носиров Б., Шодибекова Ш. Ф., Шодмонова Х. Ш., Музофиров Д. Г., Амонбекова З. А., Мирзоев М., машғул мебошанд.
Кафедраи «Таҳлили функсионалӣ ва муодилаҳои дифференсиалӣ» барои ихтисосҳои 1-510101-Математикаи амалӣ, 1-51010103- Информатика, 1-020601-02- Амнияти компютерӣ дар зинаи бакалавр ва 1-510101-Математикаи амалӣ дар зинаи магистр, ҳамчун кафедраи тахассусӣ ба ҳисоб меравад.
Омӯзгорон А. Шоидарвозова Г., Қонунова У., Шомуродов З., Ғуломнабиев А. Д., Музофиров Д. ва дигарон чун омӯзгорони варзида, аъзоёни ин кафедра дар байни устодон ва донишҷуёни донишгоҳ шинохта мешаванд. Саҳми ин ашхосони наҷиб боиси қайд ва ифтихори факултаю умуман Донишгоҳ мебошад. Ногуфта намонад, ки омӯзгор А. Ғуломсафдаров, таҳти роҳбарии академик, АИ ҶТ З. Усмонов рисолаҳои номзадии хеш ҳимоя намуданд. Инчунин омузгор Шомуродов З. рисолаи номзадиро омода намуда дар ҳарафаи ҳимоя мебошад.
Бо ташаббус ва кӯшишҳои пайвастаи раёсати Донишгоҳ ва садорати факултети дар факулта 2- лабораторияи компютерии тахассусӣ, 1- лабораторияи компютерии ғайри тахассусӣ дар якҷоягӣ бо зиёда аз 35 компютер, як адад LCD, (экрани калоннишондиҳанда) мавриди истифодаи донишҷӯён қарор доранд, ки ин ба раванди таълиму тарбия шароити лозимаро фароҳам овардааст.
Яке аз ихтисосҳои бонуфузи факултети мо ин ихтисоси информатика мебошад, ки бевосита бо барномаҳои гуногуни компютерӣ тавассути истифодаи технологияи муосир ба роҳ монда шудааст.
Дар солҳои гуногун вазифаи мудири кафедраи таҳлили функсионалӣ ва муодилаҳои дифференсиалиро дотсент Одинабеков Ҷ.М. (2006-2009), муаллими калон Заргаров Ҷ.Ҷ. (2009-2017), номзади илмҳои физикаю математика Холмамадова Ш.А. (2017-2019), муаллими калон Шоидарвозова Г.С. (2019-2022), ба ӯҳда доштанд. Аз соли 2022 дар вазифаи мудири кафедраи номбурда номзади илмҳои физикаю математика, дотсент Мамадаёзов Н.М. мебошад.