Қисми илм ва инноватсия
Фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ яке аз самтҳои муҳими донишгоҳро ташкил дода дар баробари ҳалли вазифаи асосии тайёр намудани мутахассисони баландпоя барои эҳтиёҷоти соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, ҳайати профессорон ва омӯзгорони донишгоҳ ба раванди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ аз рӯзҳои аввали таъсисёбии он аҳамияти хосса медиҳанд.
Боиси тазакур аст, ки қабули як қатор барномаҳои мухталифи соҳа, ислоҳоти соҳаи маориф ва таваҷуҳу дастгирии доманадори Ҳукумати мамлакат боис гардид, ки маориф ва илми тоҷик рушд ёфта, заминаҳои асосӣ ба марҳилаи муосири рушди соҳаҳои мухталиф гузошта шуд.
Корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ҳайати профессорон ва омӯзгорони донишгоҳ дар доираи стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ, Низомнома ва нақшаи дурнамои корҳои илмӣ, инчунин дар асоси қонунҳо ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба пешбурди корҳои пажӯҳишӣ равона мебошад, роҳандозӣ мегардад.
Дар сохтори қисми илм ва инноватсияи донишгоҳ шуъбаи ташкил ва банақшагирии корҳои илмӣ ва инноватсия, шуъбаи магистратура, аспирантура ва докторантура (PhD), шуъбаи танзими фаъолияти илмии илмии донишҷӯён, Шӯрои дисертатсионӣ, Шуъбаи табъу нашр ва иттилоот, Бахши рушди касбият, Парки технологӣ, китобхонаи илмӣ дохил мебошад.
Дастовардҳои илмии донишгоҳ дар 30 соли фаъолият маҳз ба кушишу тавононӣ ва иқтидори зеҳнии ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ раб дорад. Имрӯзҳо олимони донишгоҳ ба ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, худшиносии миллӣ, ватандустӣ, муҳаббат ба касбияти омӯзгор ва дараҷаи олимӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлоли миллӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар амалишавии ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳои рушди соҳаҳои мухталифи истеҳсолоти кишвар тавассути мукаммалгардонии раванди тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва баланд бардоштани самаранокии корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ саҳмгузор бошанд.
Ташкили 5 озмоишгоҳҳои илмию таълимии муосир, дастрас намудани дастгоҳу таҷҳизотҳои муосир, таконбахшӣ ба фаъолияти илмию таҳқиқотӣ, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои илмӣ, беҳтар гашатани дастрасӣ ба воситаҳои иртиботию иттилотӣ, муосиркунонии китобхонаи электронӣ, гузоштани заминаҳои мусоид ба қавигардии алоқаи илм ба истеҳсолот ва ғ. исботи гуфтаҳост.
Аввалин дастовардҳои илмӣ маҳз маҳсули натиҷаи тадқиқотҳои илмии олимони ҳамин даргоҳанд.
Теъдоди омӯзгорони унвони илмӣ аз 7 нафар ба 75 нафар расонида шудааст, ки аз байни онҳо 14 нафар доктори илм ва 61 нафар номзади илм мебошанд. Боиси қайд аст, ки аспирантону унвонҷуёни донишгоҳ рисолаҳои докторӣ ва номзадиро дар марказҳои илмии ватанӣ ва хориҷӣ дифоъ намуданд ва боиси ифтихор аст, ки аз ҷумлаи онҳо 30 нафар дастпарвари донишгоҳанд. Дар тайёр кардани кадрҳои илмӣ саҳми олимони барҷастаи донишгоҳ: академик М. Илолов, профессорон М.Шабозов, Г.Ҷангибеков, Н.Офаридаев, А.С.Фелалиев, Ш.Юсуфбеков, Х. Додихудоев, Г. Раҳмихудоев, И. Қаландарбеков, Б.Имомназаров, О. Ақназаров, С.Ю. Абодуллоева, Ҳ.Қаландариён, А. Абдуломонв, А.А. Мамадризохонов, С. Сабоиев ва дотсентон А. Насрадиншоев, Т. Содатқадамова ва дигарон арзанда мебошад.
Дар донишгоҳ 16 ихтисоси зинаи магистратура ва 8 ихтисоси зинаи докторантони (PhD) фаъолият менамояд. Дар панҷ соли охир зиёда аз 200 нафар зинаи магистратура ва 30 нафар зинаи доктор (PhD)-ро хатм намуданд. Айни замон дар донишгоҳ аз рӯи зинаи таҳсилоти магистратура – 93 нафар ва доктор РhD 15 – нафар ба таҳсил фаро гирифта шуданд.
Теъдоди ҷамъият ва маҳфилҳои илмии донишҷуён дар назди кафедраҳои факултетҳои донишгоҳ 21 ададро ташкил дода, 356 нафар донишҷуён ба фаъолияти илмию таҳқиқотӣ ҷалб карда шудаанд. Аъзоёни ин маҳфилҳо ва ҷамъиятҳо дар чорабиниҳои илмӣ, олимпиадаҳо ва озмунҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд. Донишҷуёни донишгоҳ дар олимпидаҳо 17 маротиба, озмунҳо 16 маротиба сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд.
Соли ҷорӣ аз рӯи озмуни “Илм – Фурӯғи маърифат” 8 нафар дар сатҳи вилоятӣ ғолиб омада дар даври 4-даври ҷумҳуриявӣ иштирок намуданд. Инчунин 5 нафар донишҷӯ ва 2 нафар омӯзгорон, ки дар озмуни вилоятии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ғолиб омада буданд, дар даври ҷумҳуриявӣ иштирок намуданд. Як нафар донишҷӯ дар озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни МТОК-и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти “Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмиллалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” аз рӯи равияи “Технологияи иттилоотӣ” соҳиби ҷойи 3 гардид. Дастаи донишҷуёни донишгоҳ иборат аз 8 нафар донишҷӯ дар лоиҳаи “Digital future Cup” байни донишгоҳҳои олии ҷумҳурӣ бо пешниҳоди лоиҳаи тарҳрезӣ намудаашон таҳти унвони “Картаи тиббии электронӣ” дар доираи тадбиқи ҳукумати электронӣ ғолиби комил шуда соҳиби ҷоми ин лоиҳа гардиданд.
Дар давраи фаъолияти донишгоҳ ба ифтихори санаҳои муҳим ва дар доираи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ зиёда аз 160 чорабинии илмӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ, 45 озмунҳои илмӣ гузаронида шуда, бо қалами олимони донишгоҳ зиёда 80 китоби дарсӣ, 130 дастури методӣ, 50 монография, 30 патент, 3125 мақолаҳои илмӣ таҳия гардидаст. Маҷаллаи илмии “Паёми Донишгоҳи Хоруғ”, ки мансуби илмҳои табиӣ, риёзӣ ва гуманитарӣ мебошад ва дар гурӯҳи маҷаллаҳои тақризшавандаи Комиссияи олии Аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шохиси иқтибосоварии илмӣ шомил буда, соле 4 шумора бароварда мешавад. Рӯзномаи “Фурӯғи маърифат” бахшида ба ҷашнҳои сиёсӣ, фарҳангӣ сари вақт бо сифати зебо аз чоп бароварда мавриди баҳрабардории хонандагон мегардад. Аз тарафи олимони донишгоҳ зиёда аз 100 маротиба тавассути симо дар шабакаҳои “Бадахшон” “Тоҷикистон”, “Сафина” “Ҷаҳоннамо” ва “Душанбе НD” дар мавзуъҳои гуногуни илмию таълимӣ ва сиёсию фарҳангӣ баромадҳо ба амал бароварда шудааст.
Дар доираи корҳои пажӯҳишӣ ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ аз руи 4 мавзуи фармоишӣ ва 50 мавзуи сарборӣ корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ мебаранд. Корҳои илмии ҳайати профессорону устодони донишгоҳ ба самтҳои филология, иқтисодиёт, педагогика, математика, физика, биология, химия, геология, география, техникаю технология, кишоварзӣ мансуб мебошад.
Баҳри пешбурди корҳои илмию таҳқиқотӣ ва таълиму тарбияи кадрҳои илмӣ ва илмию омӯзгорӣ 6 озмоишгоҳи илмӣ-инноватсионӣ, гармхона дар мавзеи Ҷелондеҳаи ноҳияи Шуғнон, қитъаи замин дар ноҳияи Рӯшон, заминаи мусоидро мегузоранд.
Китобхонаи илмӣ ва электронӣ дорои 89529 нусха китоб, аз ин миқдор китобҳои тахассусии илмӣ 55751, бадеӣ 13042, методӣ 21236 мебошад. Дар 4 моҳи охир бо дастгирии Китобхонаи милли Тоҷикистон, Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур зиёда аз 5000 китобҳои илмию бадеӣ ба китобхонаи донишгоҳ ворид карда шуд.
Ҳамзамон, дар доираи амалисозии Барномаи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф” эълон гардидани солҳои 2020-2040, озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат”, “Ихтироъкор ва навовари беҳтарин”, “Донишҷӯ ва пешрафти илму техника”, “Тоҷикистон ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи донои китоб аст”, “Нақши китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ”, озмунҳои донишгоҳӣ таҳти унвони “Беҳтарин ихтироот”, “Олими пурмаҳсул”, “Навовари беҳтарин”, “Донишҷӯи сол”, “Беҳтарин лоиҳаи инноватсионӣ”, “Беҳтарин асари илмӣ” дар доираи низомномаҳои тасдиқшуда гузаронида мешаванд.
Устодони донишгоҳ дар конфронсҳои байналмиллалӣ оид ба бахшҳои гуногуни илм дар ИМА, Испания, Англия, Эрон, Филлипин, Русия, Ҳиндустон, Покистон, Германия, Дания ва дигар кишварҳо бо маърузаву гузоришҳо баромад кардаанд.
Донишгоҳи давлатии Хоруғ бо Институтҳои соҳавии АМИТ, АИКТ, муассисаҳои олии касбии ватанӣ ва марказҳои илмии Руссия ва дигар кишварҳои ИДМ низ робитаҳои судбахши илмӣ дорад. Солҳои охир иддае аз аспирантон ва докторантон дар Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи Санкт Петербург, Пажӯҳишгоҳҳои забоншиносӣ, шарқшиносӣ, риёзиёт, этнология ва мардумшиносии АИ Руссия, Донишгоҳи давлатии Украина, Академияи илмҳои Қирғизистон рисолаҳои илмиро бо муваффақият ҳимоя карданд. Робитаҳои олмонии Донишгоҳи давлатии Хоруғ бо Донишгоҳи Москав ва Пажӯҳишгоҳи забоншиносии АИ Русия торафт мустаҳкам мегардад.
Олимони шинохтаи донишгоҳ Мамадризохов А.А., Абодуллоева С.Ю. ва Содатқадамова Т.М. ба гирифтани Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, Абдуламонов А. бо Ҷоизаи АМИТ ба номи академик Е.П. Павловский ва медали Академияи илмҳои табиатшиносии Федератсияи Россия ба номи Н.И. Вавилов сазовор гирдиданд.
Ба қисми илми донишгоҳ дар солҳои гуногун профессорон Раҳмихудоев Г., Сабоиев С., Ҷангибеков Г., Офаридев Н., Шофақирзода Р.М., ва Содатқадамова Т. роҳбарӣ кардаанд.
Аз моҳи июли соли 2022 ин вазифаро доктори илмҳои техникӣ, профессор, Аҳмадзода Б.Р. иҷро мекунад.