КАФЕДРАИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ

Мудири кафедра муаллими калон Каримдодов Асалбек Окимбекович

            Моҳи сентябри соли 1994 дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев кафедраи тарбияи ҷисмонӣ кушода шуд. Аз оғози фаъолият дар кафедра устодони зерин: муаллими калон  Ширинов Ҷумъа, номзади илмҳои педагогӣ  Мавлоназаров Бекназар, муаллимони калон   Асаншоев Саидорис, Хушқадамов Амадбек, Атомамадов Шакармамад, Аноятов Мамадшафӣ, Бекназаров Султоназар ва ассистент  Султоншоев Нозим  ба таълиму тадриси донишҷӯён машғул буданд.

Мудирони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ дар солҳои гуногун:

Ширинов  Ҷумъа  аз  соли 1994 – 2000.

Мавлоназаров Бекназар аз соли 2000 – 2004.

Ширинов Ҷумъа  аз соли 2004 – 2007.

Асаншоев  Саидорис  аз соли 2007 то   2019.

Муборакшоев  Афзалшо  аз соли 2019 – 2021.

Курбоналиев Нуралӣ  аз соли 2021 – 2022.

          Баротов  Анвар   аз   соли 2022 – 2024.

          Каримдодов Асалбек  аз  соли 2024  то ҳоло.

Фаъолияти устодон  асосан ба таълиму тарбияи донишҷӯён  ва пешбурди корҳои варзишӣ равона карда шудааст.  Омӯзгорони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ  барои равнақ  ва ривоҷ  додани соҳаи варзиш дар  донишгоҳ, вилоят ва дар сатҳи ҷумҳурӣ низ  саҳми  босазои  худро гузошта истодаанд.

Соли 2013 дар назди факултети педагогии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев дар кафедраи тарбияи ҷисмонӣ  ихтисосҳои тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ таъсис дода шудаанд. То имруз хатмкунандагони ин ихтисосҳо дар вазифаҳои гуногун дар тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ кору фаъолият доранд.

Хатмкунандагони ихтисосҳои мазкур метавонанд дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ҳайси омӯзгори фанҳои тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ  дар муассисаҳои таъсилоти олии касбӣ ва миёна фаъолият кунанд. Гузаронидани машғулиятҳои амалӣ ва КМРО  барои  ихтисосҳои мазкур дар муассисаҳои таъсилоти олӣ ва миёна ба роҳ монда мешавад.

Чунин ихтисосҳои кафедра ба ҷамъият манфиятрасон буда, хатмкунандагони ин ихтисосҳо дар тамоми соҳаҳои  кишвар кору фаъолият менамоянд.