ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ БА НОМИ МОЁНШО НАЗАРШОЕВ
Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев зодаи даврони истиқлол буда бо Қарори Девони Вазирони Ҷумурии Тоҷикистон №294 аз 5 августи соли 1992 таъсис дода шудааст. Барои хизматои шоён дар назди халқу миллат, донишго дар асоси Қарори Шурои Вазирони Ҷумурии Тоҷикистон №495 аз 17 октябри 1994 ба номи фарзанди фарзона ва сарсупурдаи миллат, ходими намоёни давлатӣ, олими маъруф, академик Моёншо Назаршоев номгузорӣ шудааст.
Таъсисёбии Донишгоҳ дар ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илмӣ-маърифатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯйдоди муҳим буда, аҳамияти бузурги сиёсӣ-иқтисодӣ ва иҷтимоӣ-фарҳангӣ дорад. Ин падида муҳим дар китоби таърихи илму маориф ва фарҳанги вилоят як саҳифаи навро боз намуд. Донишгоҳи давлатии Хоруғ чун маркази илмӣ-маърифатӣ, нерӯи зеҳнӣ-илмиро муттаҳид намуда, ба ташаккули кадрҳои илмӣ-педагогӣ ва пешрафти соҳаҳои дигари хоҷагии халқ мусоидат намуд. Ҳамчун боргоҳи илмию маърифатӣ ва фарҳангӣ омили пешрафти ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақаи кӯҳистон гардида, барои тарбияи ахлоқӣ, ташаккули худшиносии миллӣ, тақвияти маънавиёт ва маърифати аҳли ҷомеа заминаи устуворро фароҳам овард.
Фаъолияти 30-солаи Донишгоҳ собит намуд, ки иқдоми наҷиб ва дасгириҳои пайвастаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Рамон дар тайёр намудани мутахассисони касбии соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва рушди вилоят аҳамият бузург дорад. Дар ин муддат Донишгоҳро қариб 20 ҳазор нафар хатм намуданд, ки имрӯз дар рушди соҳаҳои мухталиф ҳаёти ҷамъиятии кишвари азизамон Тоҷикистон софдилонаву содиқона кор мекунанд. Устодони донишгоҳ аз он мефахранд, ки аз байни дастпарварони Донишгоҳ вазирони вазоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони мақомоти давлатӣ, шоирон, рӯзноманигорон, даҳҳо номзаду доктори илм ба камол расиданд. Хатмкардагони донишгоҳ дар кишварҳои хориҷӣ аз ҷумла Россия, Англия, ИМА, Германия, Канада ва дигар кишварҳо таҳсилро идома дода, соҳиби дараҷаҳо ва унвонҳои номзади илм, доктори илм гардида, фаъолияти пажӯҳишии худро идома дода истодаанд.
Нахустин ректори донишгоҳ доктори илмҳои физика-математика, академики Академияи миллии илмҳо Тоҷикистон Маҳмадшо Илолов буд, ки дар ташкилу поягузории он ва ҷалби кадрҳои илмӣ-омӯзгорӣ ба донишгоҳи навтаъсис фаъолияти пурсамар намуд ва барои пешрафти минбаъдаи донишгоҳ шароити муайян ба вуҷуд овард. Дар солҳои минбаъда Донишгоҳро узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, шодравон Хаёлбек Додихудоев, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои физика-математика, профессор Мирганд Шабозов, доктори илмҳои физика-математика, профессор Гулхоҷа Ҷангибеков, доктори илмҳои техникӣ, профессор Имомёрбек Қаландарбеков, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шермамад Ҷонмамадов, доктори илмҳои физика-математика, профессор Юсуфзода Гулзорхон робарӣ намуда, дар рушду пешрафти донишгоҳ корҳои назаррасро анҷом доданд. Айни замон вазифаи ректори донишгоҳро дастпарвари ин боргоҳи илму ҳунар, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Комилбек Амид Ёрбек ба уҳда дорад.
Ин маркази маърифатӣ, ҳамчун муассисаи таҳсилоти олӣ натанҳо вазифаи таълиму тарбияи мутахассисонро иҷро карда истодааст, балки ҳамчун маркази илмӣ дар гирд овардани неруҳои зеҳнӣ аз ноҳияҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ҷалби ҷавонон ба касбомӯзӣ, саҳми арзанда дошта, ба пайванди риштаҳои фарҳангӣ миллӣ заминаи устувор фароҳам овард.
Донишгоҳ дар соли аввали фаъолият аз ду факултет (гуманитарӣ ва илмҳои табиӣ) таркиб ёфта, 200 нафар донишҷӯро ба таҳсил фаро гирифта буд. Он замон дар донишгоҳ 25 омӯзгор, аз ҷумла 1 нафар доктори илм ва 6 номзади илм аз якуми октябри соли 1992 ба кор шурӯъ карда буданд.
Айни замон дар Донишгоҳ 9 факултет, 21 кафедра амал менамоянд, ки дар онҳо 14 нафар доктори илм ва 61 нафар номзади илм ба таълиму тарбияи донишҷӯён машғуланд. Неруи кадрии донишгоҳ сол ба сол такмил ёфта, аз байни ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ аъзои пайваста ва вобастаи Академия миллии илмҳои Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаҳои Вавилов, ҷоизаи Президентӣ дар соҳаи маориф, ҷоизаи Исмоли Сомонӣ, дорандаи мукофотҳои давлатӣ, унвонҳои Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Донишгоҳро даҳҳо, ҳазор нафар бо ихтисосҳои гуногун, аз ҷумла бо ихтисосҳои педагогӣ хатм намуданд, ки аксарияти онҳо дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ на танҳо вилоят, балки дар дигар вилоятҳои дигари ҷумҳурӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ниҳодҳои қудратӣ, муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, созмонҳои байналхалқии дохилӣ ва хориҷи кишвар кор мекунанд.
Яке аз вазифаҳои муҳим дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат вобаста ба талаботи замон ва стандартҳои ҷаҳонӣ тайёр намудани мутахассисони касбӣ мебошад. Донишгоҳ аз рӯи 58 ихтисос, аз он ҷумла, 36 ихтисоси омӯзгорӣ ва 22 ихтисоси соҳавӣ мутахассисонро омода менамояд.
Ҳоло дар бахшҳои рӯзона ва ғоибона 3431 нафар (дар шуъбаи рӯзона 2242 нафар, ва 1090 нафар дар шуъбаи ғоибона) донишҷӯ таҳсил менамоянд, 129 нафар дар магистратура, 18 нафар дар зинаи докторантура PhD, тибқи Квотаи президентӣ 364 нафар донишҷӯ, ки аз онҳо 159 нафар духтарон мебошанд, таҳсил мекунанд. Имрӯз беш аз 200 нафар ҷавонони донишҷӯ аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи кишвар дар донишгоҳ таҳсил мекунанд.
Пойгои моддию техникии донишгоҳ низ сол аз сол таҳким ёфта, айни ҳол дар донишгоҳ толорҳои калони замонавӣ барои баргузории конференсия ва ҳамоишои илмӣ, марказҳои инноватсионӣ, сайёҳӣ, соҳибкорӣ, сабти дарсҳои видеоӣ, озмоишгоҳои илмӣ-таълимӣ барои илмҳои химия, физика, биология, геология ва муҳандисӣ, маркази фарҳангии Ҳиндустон, кабинети лингофонӣ барои забономузӣ, шаш лабораторияҳои таълимӣ бо ҳамаи таҷизоти корӣ дар хизмати устодону донишҷӯён ва магистрантону докторантон қарор доранд.
Айни ҳол дар Донишгоҳ китобхонаи марказӣ, китобхонаи муосири электронӣ ва китобхонаҳои хобгоҳои донишҷӯён фаъолият доранд, ки фонди умумии оно зиёда аз 97378 адад китобро дар бар мегирад.
Бояд ёдовар шуд, ки соли 2014 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои хобгоҳи замонавӣ барои 300 нафар донишҷуён мавриди истифода қарор дода шуд ва дар ин вазъияти тантанавӣ санги бинои асосии Донишгоҳ гузошта шуд. Ин тадбири муҳим пеш аз ҳама баҳри ба талаботи байналмилалӣ чавобгӯ намудани шароити таҳсили донишҷӯён ба инобат гирифта шуда, сохтмони он имрӯз бо маром идома дорад. Ҳамзамон соли 2014 хобгоҳи дуюми замонавӣ барои донишҷӯён бунёд гардид, ки имконият дод донишҷӯён аз деҳоти дурдасти вилоят ва дигар манотиқи мамлакат ба таҳсил фаро гирифта шаванд. Дар шаҳри Хоруғ ба бунёди шаҳраки ҷавонон-донишҷуён замина гузошта шуд.
Дар донишгоҳ аз рӯи бахшҳои гуногуни илмҳои риёзӣ, дақиқ, табиатшиносӣ ва гуманитарӣ тадқиқотҳои илмӣ анҷом дода метавонад. Устодони донишгоҳ дар конференсияҳои байналмилалӣ оид ба бахшҳои гуногуни илм дар Россия, ИМА, Испания, Англия, Эрон, Филлипин, Ҳиндустон, Покистон, Германия, Италия ва дигар кишварҳо бо маърӯзаву гузоришҳо баромад кардаанд.
Натиҷаҳои тадқиқоти ҳайати омӯзгорон, аспирантон ва унвонҷӯён дар маҷаллаи илмии «Паёми Донишгоҳи Хоруғ» дар бахшҳои илмҳои риёзию табиатшиносӣ ва гуманитарӣ нашр мешаванд. Нашрияи илмии Донишгоҳ “Паёмӣ Донишгоҳи Хоруғ” дар баробари нашрияҳои бонуфузи илмӣ ба феҳристи маҷаллаҳои тақризшавандаи КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил мебошад.
Донишгоҳи давлатии Хоруғ бо марказҳои илмии Россия ва дигар кишварҳои ИДМ низ робитаҳои судбахш дорад. Аспирантон ва докторантон дар Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи Санкт Петербург, Пажӯҳишгоҳҳои забоншиносӣ, шарқшиносӣ, риёзиёт, этнология ва мардумшиносии АИ Руссия, Донишгоҳи давлатии Украина, Британияи Кабир, ИМА, Олмон рисолаҳои илмиро бо муваффақият ҳимоя карданд. Ҳамзамон, Донишгоҳи давлатии Хоруғ бо 12 лоиҳаҳои фаромишии буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ амал намуда 6 тои онҳо аз руи барномаи Эрасмус+ мебошанд. Мутобиқи барномаҳои мазкур устодону донишҷӯёни донишгоҳ дар семинарҳо ва лоиҳаҳои байналмилалӣ дар давлатҳои Олмон, ИМА, Ҳиндустон, Испания, Австрия, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Португалия, Булғория, Руминия, Эстония, Туркия ва дигар мамлакатҳо иштирок намуда, дониши худро такмил доданд. Мавриди зикр аст, ки аз рӯи лоиаҳо ва барномаҳо дар донишгоҳ 18 лаборатория ва марказҳои илмӣ аз қабили лабораторияи минерология ва петрография, канданиҳои фоиданок, утоқи илмҳои муҳандисӣ, синфхонаҳои инноватсионӣ, эксперименталии экологӣ, маркази «Интеллект» барои донишҷӯдухтарон, маркази илмӣ-тадқиқотии иқтисодӣ ва гармхонаи таҷрибавӣ дар деаи Ҷелондӣ фаъолият доранд.
Дар маҷмуъ, давоми 10 соли охир донишгоҳ бо шарикони рушду муассисаҳои гуногуни таҳсилоти олии касбӣ 50 созишномаю ёддошти тафоҳуми ҳамкориро ба имзо расонд. Дар ин муддат донишгоҳ дар доираи 25 лоиҳаи байналмилалӣ амкории судмандро тавсеа дода, зиёда аз 100 семинару конференсияои байналмилалӣ гузаронида шуданд.
Рақобати шадиди иқтисоди ҷаҳонӣ ва ҷаҳони мутағайир аз мо дониши баланд ва мудирияти касбӣ тақозо менамояд. Раёсати навтаъини Донишгоҳ дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат барномаи рушди донишгоҳро барои панҷ соли оянда таҳия намуда, фаъолияти минбаъдаро дар асоси он ба роҳ мемонад.
Нақшаи дурнамо ва афзалиятноки рушди донишгоҳ дар асоси талаботи муосир ва хусусиятҳои хоси табиати баландкуҳии Помир ба инобат гирифта шуда, стандарти таҳсилоти ҷаҳонӣ, хамгироӣ бо низоми таҳсилоти ҷаҳонӣ, беҳтар намудани пойгоҳи моддӣ техникӣ, шароити зисти омӯзгорон яке аз ҳадафҳои асосӣ ба ҳисоб меравад.
Бо ин мақсад вазифаҳои зеринро иҷро кардан зарур аст:
Ба бозори меҳнат мутобиқ намудани таҳсилот ва мувофиқи талаботи бозор меҳнат тайёр намудани мутахассисон.
Додани афзалият ба ихтисосҳои зарурӣ мутобиқи талаботи бозори меҳнат ва хусусиятҳои махсуси табиӣ баландкуҳии Помир аз ҷумла сайёҳӣ ва меҳмондорӣ, биоэкология, география, химия ва технология, гиёҳшиносӣ, заминсозӣ, бостоншиносӣ, психология, географияи яхшиносӣ ва кӯҳшиносӣ, геология – ҷустуҷӯи геологӣ, маъданшиносӣ, омузиши захираи об, иқтисодиёт ва идораи сайёҳӣ.
Дар асоси нақшаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор додани бинои ҳозиразамони таълимӣ бо таҷҳизоти муосири электронӣ иттилоотӣ.
Ташкили озмоишгоҳҳои таълимӣ ва илмию тадқиқотӣ, марказҳои электронӣ, иттилоотӣ. (биологӣ, химиявӣ, геологӣ)
Рушди сохторҳои илмию инноватсионӣ барои таъмини самараноки корҳои илмӣ-методӣ.
Ташкили маркази технопарки-биологӣ, гармхона, гиёҳшиносӣ дар мавзеи Ҷелондӣ дар заминаи истифодаи обҳои гарм ва қитаи замини таҷрибавӣ дар ноияи Рушон бо мақсади таҷрибаомузӣ ва тадқиқоти илмӣ, истеҳсолӣ.
Ташкили маркази технопаркӣ геологӣ дар мавзеи куҳи Лаъл бо мақсади таҷрибаомузӣ ва тадқиқоти илмӣ- истеҳсолӣ.
Такмили идоракунӣ.
Раёсати донишгоҳ аз он миннатпазир аст, ки бо дарназардошти вазъи ҷуғрофӣ Донишгои давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев аз тарафи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутарам Эмомалӣ Рамон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста дастгирӣ меёбад. Ҳайати устодону кормандони донишгоҳ ба ин дастгириҳои воқеӣ амиқан миннатдоранду дар навбати худ бо азму талоши қавӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то мутахассисони ҷавобгӯи замони муосирро бо донишу малакаи замонавӣ, дорои мафкураи ватандӯстӣ ва ватанпарастӣ, чаҳонбинию тафаккури миллӣ ба камол расонида, дар рушди ояндаи кишвари азизамон Тоҷикистон саҳми арзанда гузорад.
Донишгоҳ дорои иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ Т-ИФ №0000109, № 139 аз 25.12.2020 ва Шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ Т-АД №0000373 аз 02.08.2021, №561 мебошад.
Донишгоҳ мутахассисонро дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои (кластер) 1,2,3,4 ва 5-ум омода менамояд. Рамзи тартибии ДДХ ба номи Моёншо Назаршоев дар ММТ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №108 мебошад.