
Аҳмадзода Баҳромҷон Раҷаб
Муовини ректор оид ба илм ва инноватсия
Тел: +992 (835) 2-27-79
E-mail: ahmadov-b@mail.ru
Унвон ва дараҷаи илмӣ:
Доктори илмҳои техникӣ (2018), профессор (2019);
Таҳсилот ва ихтисос:
Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур, муҳандис-механик (1998);
Аспиранти Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур 052001-технологияҳо ва воситаҳои механикониии кишоварзӣ (2000-2003);
Унвонҷӯи Маркази илмии технологияҳои инноватсионӣ ва механиконии кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (2004-2006);
Фаъолияти корӣ:
Асисстенти кафедраи механикаи назариявӣ ва графикаи муҳандисии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур (1998-2003);
Омӯзгори калони кафедраи механикаи назариявӣ ва графикаи муҳандисии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур (2003-2008);
Дотсенти кафедраи механикаи назариявӣ ва графикаи муҳандисии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур (2008-2018);
Профессори кафедраи мошинҳо ва таҷҳизотҳои технологӣ дар агроинженерии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур (2019-2022);
Муовини декани факултети механиконии кишоварзӣ оид ба таълим, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур (2001-2008);
Мудири кафедраи механикаи назариявӣ ва графикаи муҳандисии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур (2012-2014);
Декани факултети механиконии кишоварзии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур (2009-2019);
Муовини ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур оид ба илм ва инноватсия (2019-2022);
Раиси Шурои диссертатсионии 6D KOA-050 назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур (2018-2020);
Бо фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи муовини ректои оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев аз 27 июли 2022 таъин шуд.
Соҳаи илмӣ:
- Технологияҳо ва воситаҳои энергиясарфакунанда дар механиконии кишоварзӣ;
- Соҳиби мактаби илмӣ, таҳти роҳбарӣ 4 нафар рисолаи номзадӣ намуд, роҳбари 2 унвонҷӯ, 1 докторанти (PhD), 1 докторанти анъанавӣ.
- Муаллифи 200 маводҳои илмӣ-таълимӣ аз ҷумла 17 патент.
Мукофотҳои давлатӣ ва соҳавӣ:
- Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2009;
- Ҷоизаи давлатӣ ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимон ва муҳақиқони ҷавон бахши илмҳои иқтисодӣ, соли 2011;
- Ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2011;
- Дипломи Маркази миллӣ патентии назди Вазорати рушди иқтисод ва савдо, соли 2011;
- Ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии “Ихтирокори беҳтарин”, соли 2011;
- Медали “Хизмати шоиста”, соли 2014;
- Ифтихорномаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2015;
- Ифтихорномаи Раиси Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон , соли 2022;