АЗИЗӢ Муҳаммадалӣ Миралӣ

Муовини якум, муовини ректор оид ба таълим

Тел: +992 93 104 4040

Унвон ва дараҷаи илмӣ:

  • Доктори илмҳои педагогӣ, дотсент;

 Таҳсилот ва ихтисос:

  • Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит (2003-2008);

  • Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон, идораи давлатӣ (2015-2018);

  • Институти илмӣ-таҳқиқотии умумироссиягии иқтисодиёт, меҳнат ва идоракунии назди Академияи илмҳои Федератсияи Россия (ш.Москва) аспирантура (2010-2014), ихтисос 08.00.05 – иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ (иқтисодиёти меҳнат), 08.00.14 – иқтисодиёти ҷаҳон.

Фаъолияти корӣ:

  • Омўзгори забон ва адабиёти тољики Омўзишгоњи касбї- техникии №128-и шањри Душанбе (1993-2000);

  • Омӯзгор, муовини директор оид ба корҳои таълиму тарбияи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51-и шаҳри Душанбе(2000-2002);

  • Мутахассис, сармутахассис, муовини сардори сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе (2002-2004);

  • Cармутахассис доир ба ислоҳоти  Маркази идораи Лоиҳаи системаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2004-2009);

  • Мудири шуъбаи корҳои маъмурӣ ва ташкилии  Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон(08-11.2009);

  • Директори Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (2009-2012);

  • Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе (2012-2015);

  • Директори «Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2015-2017);

  • Сардори сарраёсати маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе (2017-2021);

  • Сармутахассиси шуъбаи аттестатсионии илмҳои ҷамъиятӣ-гуманитарии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2021-2022);

  • Мудири шуъбаи аттестатсионии илмҳои ҷамъиятӣ-гуманитарии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон(2022-2024);
  • Мудири шуъбаи аттестатсионии илмҳои табиӣ-математикӣ ва техникии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон(05-06.2024);
  • Муҳаррири масъули маҷаллаи Ахбори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (илмҳои ҷамъиятшиносӣ)(2024-2025);
  • Муовини якум, муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев (аз октбяри 2025 то ҳоло);

Мукофотҳои давлатӣ ва соҳавӣ:

  • Аълочии маорифи Тоҷикистон, соли 2005;
  • Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, соли 2013;
  • Ифтихорномаҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;