КАФЕДРАИ ПЕДАГОГИКА ВА МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ ИБТИДОӢ

Кафедраи методикаи таълими ибтидоӣ моҳи майи соли 2001 дар факултети риёзӣ ва физика таъсис ёфт. Мудирии кафедраро дотсенти кафедра Алихонова Сайёрамо Тиллохоновна ба ӯҳда дорад.

Айни замон дар кафедра ба таълиму тадриси донишҷӯён 1 нафар дотсент Алихонова Сайёрамо, чор нафар номзадони илм:, Қурбонхонова Нуриҷаҳон, Ҷонмирзоев Эраҷ, Зоолшоева Бибинасрин, Парпишоев Карам, панҷ нафар муаллимони калон Шабозова Сабоҳат, Абдулофизова Уснибегим, Авзалшоева Сабоҳат, Хурсандова Аспармо, Оҷимамадова Робия, Метархонова Нуқра, ассистентон: Абдураҳимова Суратмо, Некбахтшоева Розия, Раҳматшоев Ақризобек, Шодмонбеков Қурбонмамад, Фозилбекова Усния, Назирова Сураё, Парвонаева Нигина, Холиқназарова Афсона, Бандалиева Зиёратмо, Лутфишоева Шамсия, Хубоншоев Ҷобир, Хисрав Умед ва як нафар лаборанти кафедра Имомёрова Атригул машғул мебошанд.

Кафедараи методикаи таълими ибтидоӣ барои ихтисосҳои 1-030201- Тарбияи ҷисмонӣ, 1-030202-Тарбияи ҷисмонӣ ва ОДҲ, 1- 010102- Таҳсилоти томатабӣ, 1-010202 –Таҳсилоти ибтидоӣ, 1-01020203-Санъати мусиқӣ. Таҳсилоти ибтидоӣ, 1- 03040203-Педагогикаи иҷтимоӣ дар зинаи бакалавр ҳамчун кафедраи тахассусӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳайати устодони кафедра дар самти педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ, забони тоҷикӣ ва фолклор корҳои илмӣ тадқиқотӣ мебаранд. Аз рӯи натиҷаи корҳои илмӣ аз тарафи устодони кафедра 4 монография, 6 китоби дарсӣ, 10 барномаи таълимӣ, 60 мақолаи илмӣ, 35 мақолаҳои илмӣ методӣ ва 6 дастури методӣ ба нашр расонида шудааст.

Кафедра бо Филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар ВМКБ, Донишгохи Носири Хусрави Бохтар, Донишкадаи омӯзгории ба номи Саддридин .Айнӣ, Донишгоҳи Бобоҷон Ғафурови Суғд алоқаи зич дорад.

Дар тули солҳои зиёд вазифаи мудири кафедраро Лаълбекова Муъминамо (2002-2007), Алихонова С. Т. (2007-2021), Абдулофизова У.А. (2021-2021) ба ўҳда дошта, айни замон, Алихонова С. Т. вазифаи мудири кафедраро ба зима дорад.