КАФЕДРАИ ЗАБОНҲОИ ШАРҚ

Кафедраи забонҳои шарқ бо таъсис ёфтани Донишгоҳ ҳамчун бахши забонҳои шарқ (форсӣ ва арабӣ) дар доираи кафедраи забони тоҷикӣ фаъолият намуда, аз соли 2004 бо ҷудо шудани факултети филология аз факултети таърих ва филологияи тоҷик, ҳамчун кафедраи мустақил таъсис ёфт. Мудири кафедра доктори илми филологӣ, профессор Ш.Юсуфбеков таъин гардида, то соли 2007 адои вазифа намуд. Феълан вазифаи мудири кафедраро номзади илми филологӣ, дотсент Б.Ҷумъаева ба уҳда дорад.

Кафедраи забонҳои шарқ дар донишгоҳ дар баробари дигар кафедраҳо саҳми назаррас дошта, баҳри беҳбудӣ ва устувории ҷанбаҳои потенсиалии донишгоҳ саҳми арзанда дорад. Аз замони оғози фаъолияти кафедра устодони соҳибтаҷриба Ш. Юсуфбеков, Ш. Шоҳзодамуҳаммадов, А. Шохуморов, М. Маҳтобшоев, Ҳ. Элназаров, Ш. Муллоабдолов, Ҳ. Зулфиқоров, Н. Дастамбуев, М. Давлатмирова ва дигарон шомил буданд, ки беҳтарин донишҷӯёнро тарбия намуданд, ки имруз чунин донишҷӯён на танҳо дар дохили ҷумҳурӣ, балки берун аз он дар мансабҳо ва вазифаҳои гуногун кору фаъолият менамоянд. Дастпарварони кафедра, ки имрӯз дар ИДМ ва донишгоҳҳои мамолики Ғарб таҳсилу фаъолият менамоянд; О. Мастибек, С. Сабзалиев, Н. Нурмуҳамадшоев, Ҳ. Сомиддинов ва дигарон мебошанд.

Инчунин хатмкунандагони кафедра Б. Ҷумъаева, Н. Қамбаров, М. Муборакшоева, С. Мирзошоев дар баробари устодони худ ба тадрису таълим машғуланд.

Ҷанбаи илмии кафедра низ ниҳоят пурқувват буда, дастпарварони кафедра ба монанди У. Булбулшоев, Ш. Некушоева, Б. Ҷумъаева, Н. Қамбаров, ҳам дар ҷумҳурӣ ва ҳам берун аз он ҳимояи рисолаи номзади намуданд.

Устодони кафедра доктори илми филологӣ, профессор М. Аламшоев, номзади илми филологӣ Ш. Некушоева, номзади илми филологӣ, дотсент Б. Ҷумъаева, номзади илми филологӣ, дотсент Н. Қамбаров, унвонҷӯ С. Мирзошоев ҳар сол дар конференсияҳои илмии ҷумҳурӣ ва берун аз он, иштирок менамоянд ва бо мавзуъҳои ҷолиб дар кишварҳои Россия ва ИМА баромад намуданд.

Кафедра инчунин бо донишкадаҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донишгоҳҳои ҷумҳурӣ робитаи қави дорад. Аъзоёни кафедра н.и.ф., дотсент Б.Ҷумъаева, зери роҳбарии профессор Н.Офаридаев рисолаи докторӣ, муаллими калон С. Мирзошоев, ассистент М. Муборакшоева таҳти роҳбарии д.и.ф., профессор М.Аламшоев рисолаҳои номзадиро таҳия менамоянд.