Кафедраи химияи умумӣ

Мудири кафедра, м.к. Каримова Зебидамо

Кафедраи химияи умумии факултети илмҳои табиии Донишгоҳи давлатии Хоруғ яке аз кафедраҳои навтаъсиси факултет ба ҳисоб рафта моҳи сентябри соли 2021 таъсис дода шуд. Яке аз сабабҳои асосӣ барои ташкил намудани кафедра вуҷуд доштани мутахассисони баландихтисос вобаста ба самти мазкур дар факултет баҳисоб мерафт. Аввалин   мудир     ва   ташкилкунандаи  кафедра  Олифтаева Жола Абдулниёзовна н.и.х., дотсент мебошад, ки дар созмон додани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, методӣ-таълимӣ  ва ташаккули ҳайати омӯзгории кафедра саҳми босазо гузошт.

 Аз 1 сентябри соли 2025 то моҳи январи соли 2026  мудири кафедра, н.и.х. Давлятназарова М.Д. ба уҳда дошта аз моҳи январи соли 2026 мудири кафедра ба уҳдаи  Каримова З. вогузор гардид

Кафедра дар тайёр кардани кадрҳои илмӣ-омӯзгорӣ ва мутахассисони соҳаи химия тибқи ихтисосҳои химия ва химия-биология саҳми арзанда гузошта истодааст.

                                                       Фаъолияти таълимӣ

Кафедра тахассусӣ буда, аз рӯйи ихтисоси «Химик. Омӯзгори химия, Химия-биология, омузгори химия-биология” мутахассис омода мекунад. Дараҷаи касбӣ – бакалавр -химик, химия-биология ва магистр химик.

Раванди таълим дар кафедраи химияи умумӣ дар баробари корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва тарбиявӣ хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Устодони кафедра барои факултетҳои илмҳои табиӣ, биология, математика ва технологияи нав  аз фанҳои зерин раванди таълимро амалӣ карда истодааст: химияи органикӣ, химияи ғайриорганикӣ, химияи биологӣ, химияи таҳлилӣ, химияи экологӣ, химияи умумӣ , химияи физикӣ ва коллоидӣ (шакли таълими фосилавӣ) ва фанҳои интихобии донишҷуён.

Кафедраи химияи умумии факултети илмҳои табиӣ вазифаҳои зеринро иҷро мекунад: аз рӯйи фанҳои ба кафедра вобасташуда машғулиятҳои таълимӣ – лексияҳо, семинарҳо ва машғулиятҳои лабораториро мувофиқи сарбории таълимӣ ва тибқи нақшаи тасдиқшуда таъмин менамояд; ба донишҷӯён аз рӯйи фанҳои таълимӣ маслиҳат медиҳад, аттестатсияи ҷорӣ ва ниҳоии донишҷӯёнро дар шакли рейтинг ва имтиҳонҳо аз рӯйи натиҷаи аз худ намудани маводи таълимӣ таъмин менамояд, кори мустақилонаи донишҷӯён, аз ҷумла вазифаҳои хонагӣ, кори курсии онҳоро ташкил ва мунтазам назорат мекунад, дар байни донишҷӯён кори тарбиявӣ мебарад, корҳои таълимӣ- методиро, ки  барои ба дараҷаи зарурӣ гузаронидани раванди таълимро таъмин мекунад, иҷро менамояд.

Аз тарафи омӯзгорони кафедра аз давраи таъсисёбӣ 6 дастури таълимӣ-методӣ аз чоп баромада, китобҳои дарсӣ ва дигар маводҳои таълимӣ дар солҳои оянда ба нақша гирифта шудаанд.

                                         Ҳайати устодони кафедра

Коллективи омӯзгорони кафедра дорои таълимӣ ва илмӣ мебошад. Айни замон дар кафедра 13 нафар омӯзгорони баландихтисос, аз ҷумла 4 нафар номзадони илм: номзади илмҳои химия, дотсент, Имомназаров Булбулназар Ақназарович, номзади илмҳои биология дотсент Мусоев Суҳроб Мамадёрович, номзади илмҳои химия Олифтаева Жола Абдулниёзовна, номзади илмҳои химия Давлятназарова Мохира Давлатназаровна, 1 нафар муаллимаи калон Каримова Зебинамо Давлатбековна, 8 нафар ассистентон Акимбекова Х.А., Одилова З.А., Раҳмихудоева М.Г., Хисравова М.Х., Қурбонмамадова М.З., Мушкова С.Ш., Бобҷонова Г.М. ва Шикориева Ш.П. машғул мебошанд. Ҳайати омӯзгорон ва кормандони кафедра бо масъулияти хоси худ дар масъалаи тайёр кардани мутахассисони баландихтисос дар соҳаи химия барои кишвари мо бомуваффақият кор мекунанд.

                                                      Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ

Самтҳои асосии корҳои илмӣ – тадқиқотӣ  :

Кори илмии кафедра се самти асосиро фаро мегирад.

-омӯзиши таркиби химиявии растаниҳои шифобахши манотиқи Бадахшон, коркарди ангишт, муайян кардани таркиби химияии он ва гирифтани маҳсулотҳои аз ҷиҳати химиявӣ фаъол ва омӯзиши пайвастагиҳои комплексӣ бо лигандаҳои органикӣ ва татбиқи амалии онҳо.

Корҳои илмӣ-тадқиқотии кафедра бо Донишгоҳҳои ҷумҳурӣ ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамкориро ба роҳ монда шудаанд, ки ин барои инкишофи кафедра хеле судманд мебошад. Ин ҳамкорӣ имкон дод, ки устодон, аспирантони кафедра мавзуи илмии худро тасдиқ намуда, дар арафаи омода кардани рисолаи номзадӣ ва ҳимоя Акимбекова Х.А., Одилова З.А., Раҳмихудоева М.Г., Каримова З.Д. ва ду нафар устод Олифтаева Ж.А. (2021) ва Давлятназарова М.Д. аллакай рисолаи номзадиашонро ҳимоя намудаанд. Инчунин коромӯзи кафедра Мушкова С.Ш. мавзуи илмиашро барои тасдиқ пешниҳод  кардааст. 

Натиҷаҳои илмии кафедра дар маҷаллаҳои илмӣ ва шаҳодатномаҳои муаллифии ихтироот инъикос ёфтаанд. Ҳайати омӯзгорон ва кормандони кафедра ҳамасола дар конференсияҳои сатҳҳои гуногун (конференсияҳои байналмилалӣ, минтақавӣ, ҷумҳуриявӣ ва дохилидонишгоҳӣ) маърӯзаҳои илмӣ пешниҳод мекунанд.

         Дар асоси натиҷаҳои тадқиқоти илмӣ устодони кафедра зиёда аз 200 мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои бонуфузи илмии ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар ба табъ расонидаанд.

Ҳоло дар кафедра 7 нафар магистрант, 3 нафар докторанти PhD бо фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ машғуланд. Дар кафедра бо роҳбарии муаллимаи калон маҳфили “Химикони ҷавон” фаъолият намудааст, ки он 15 нафар  донишҷуёни ихтисосҳои химия ва химия-биология аъзо мебошанд. Мувофиқи нақша аъзоёни фаъоли маҳфил  семинарҳо ва викторинаҳои химиявӣ гузаронида,  ҳалли масъалаҳои  мушкил банд астанд. Аъзои фаъоли маҳфил,  Ҷавҳаршоева Донабегим моҳи маи соли равон дар олимпиадаи Ҷумҳуриявӣ аз фанни химия сазовори ҷои сеюм ва инчунин дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фуруғи маърифат” дар даври ниҳоӣ аз руи номинатсияи химия сазовори ҷои сеюм гардид.

Ҳамкориҳои  кафедра бо дигар донишгоҳҳо ва ташкилотҳо

Кафедраи химияи умумӣ  бо донишгоҳҳо ва пажӯҳишгоҳҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои давлатӣ ҳамкории зичи илмӣ дорад: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Институти химияи ба номи В.И.Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи Осиёи марказӣ,  Институти биологии Помир ба номи Х.Юсуфбеков, Раёсати стандартизатсия, метерология, сертификатсия ва нозироти савдои ВМКБ, Маркази назорати санитарию эпидемиологии ВМКБ, Маркази илмии кишоварзии Помири АИКТ.

Омӯзгорон ва донишҷуёни ихтисосҳои шомили кафедра корҳои илмӣ-тадқиқотии худро дар донишгоҳҳо ва муассисаҳои зикргардида мавриди таҳқиқ қарор дода, рисолаҳои хатмкунӣ ва номзадии худро бо муваффақият ҳимоя намуда истодаанд. Ҳамзамон  дарсҳои амалӣ, семинарҳои илмӣ-амалӣ ва таҷрибаомузии таълимӣ ва истеҳсолӣ  мегузаронанд.