Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва корҳои махсус

Сиёсати кадрӣ яке аз муҳимтарин самти фаъолияти давлат ва ҷузъи  таркибии сиёсати миллӣ буда, дар амалӣ гардонидани чорабиниҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ иқтисодӣ ва ҳуқуқии давлат нақши калидиро иҷро менамояд. 

Шуъбаи кадрҳо дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев аз аввали таъсисёбии Донишгоҳ фаъолияти худро оғоз намуда, дар самти пешбурди фаъолияти кадрҳо аз соли 1992 то соли 1997 Султонбекова Шамсия Деҳқоновна, аз соли 1997 то соли 1998 Мамадамирова Дилоро Айнуллоевна, аз соли 1999 то соли  2005 Лашкарбеков Давлатназар, аз соли 2005-2011 Шабдолов Қамбарабдол Чароғабдолович, аз соли 2012 то соли 2015, Чоршанбиев Шоғариб, аз соли 2015 то моҳи октябри соли 2022 Шабдолов Қамбарабдол Чароғабдолович фаъолият намуда, айни ҳол ин вазифаро Саидраҳмонов Насим Саидрасулович иҷро менамояд.

Шуъбаи кадрҳо аз соли 2020 фаъолияти худро бо номи Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус такмил дода, аз моҳи августи соли 2022 дар ин замина Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва корҳои махсус унвон гирифт.

Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва корҳои махсус ҳамчун зерсохтори Донишгоҳ буда, фаъолияти худро мутобиқи талаботҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи меҳнат», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Оиннома ва Низомномаи муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев», Низомномаи раёсат ва дигар санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ анҷом медиҳад. Раёсат барои таҳия, татбиқи сиёсати кадрӣ ва ташкили фаъолияти меҳнатии кормандон масъул буда, роҳбари он танҳо ба ректори донишгоҳ тобеъ аст.

Санадҳои зикршуда, вазифаҳои асосии раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва корҳои махсусро оид ба амалӣ намудани сиёсати кадрӣ ба таври зайл муайян намудаанд: банақшагирии масъалаҳои кадрӣ, таҳияи муқаррарот барои ишғоли вазифаҳо ва ҷойҳои кори холӣ, иҷрои вазифаҳои касбии кормандони нав, ҷобаҷогузории кадрҳои маъмурӣ, илмӣ, педагогӣ, техникӣ, ҳайати ёрирасону хизматрасони таълимӣ ва хоҷагидорӣ, муайян намудани талабот ва мутобиқати касбӣ, тағйирот дар ҳайати шахсӣ, интихоби кадрҳои баландихтисос, таҳия ва пешниҳод намудани лоиҳаи фармоишҳо барои ишғоли вазифаҳои профессор, омӯзгор ва роҳбар, ҳамзамон, танзими интизоми меҳнат.

Айни замон дар Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва корҳои махсус Саидраҳмонов Насим Саидрасулович сардори Раёсат, Мамадамирова Д.А. – муовини сардор, Имомназарова У.А. – мудири шуъбаи умумӣ, Қурбонмамадова С.А. – мудири шуъбаи дуюм, Шабдолов Қ.Ч. –сарнозири Раёсат, Ақдодова К.М. – сарнозири Раёсат, Ошурбекова Н.А. сарнозири Раёсат, Мирзоева З.Д.нозири Раёсат, Сафдаршоева М.Н. хатбар, Ниёзмамадова С.Ш. котиба Ҷоналишоева Р. – корманди бойгонӣ кору фаъолият менамоянд.