КАФЕДРАИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК
Кафедраи таърихи халқи тоҷик соли 2005 дар заминаи кафедраи таърихи умумӣ ташкил шуд. Мудири аввалини кафедраи номбурда, доктори илмҳои таърих, профессор Собирова Қ.Д. (2005-2013), баъдан номзади илмҳои таърих, достент Мирзоашрафов П.И. (2013–2022) буданд. Ҳоло сарварии кафедраро муаллимаи калон Алиназарова К.Ғ. ба ӯҳда дорад.
Айни замон дар кафедра ба таълиму тадриси донишҷӯён 2-нафар дотсент Саидасанов Ю.Ш., Файрузшоева О.С., 2 нафар-номзади илмҳои таърих-Мирзоашрафов П.И., Абдураҳмонова П.Д. ва як нафар номзади илмҳои ҳуқуқ Хайров Ф.М., 5-нафар муаллими калон, Мансурова О.С., Шодмонбеков Ю.Р., Алиназарова К.Ғ., Занҷирбекова Г.И., Пайшанбиева С.М., 13-нафар ассистентон Азизмамадова М.М., Абдураҳмонова Н.А., Насиллобекова С.С., Саидраҳмонов Н.C., Дилшодова Ш.Н., Абдуллоева Ф.Н., Имомназарова У.А., Наврузова З.Н., Саиданоева Х.М., Чоршанбиева М.З., Алихониён Қаландарбек, Мухторзода Аҳрор Мухтор, Мастоншоева Ф.Р., коромӯз, ва як нафар лаборант Давлатбекова М.Х. машҒул мебошанд. Кафедраи таърихи халқи тоҷик барои ихтисосҳои кори иҷтимоӣ – 1-860101, таърих ва ҳуқуқ -1-010102 дар зинаи бакалавр ва таърих ва ҳуқуқ- 1-010102 зинаи магистр, ҳамчун кафедраи тахассусӣ фаъолият менамояд.
Ҳайати устодони кафедра дар самти таърих ва ҳуқуқ корҳои илмӣ–таҳқиқотӣ мебаранд. Аз рӯи натиҷаи корҳои илмӣ аз тарафи устодони кафедра 4 монография, 12 китоб, зиёда аз 5 дастури методӣ, 4 патент, 300 мақолаи илмӣ ба нашр расонида шудааст.
Кафедра бо Донишгоҳи давлатии Данғара, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, Академияи миллии илмҳои ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи Осиёи марказӣ дар шаҳри Хоруғ ва Институти илмҳои гуманитарии АМИ Тоҷикистон ба номи Баҳодур Искандаров алоқаи зич дорад.