КАФЕДРАИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ВА ҲУҶҶАТНИГОРӢ
Мудири кафедра номзади илмҳои филологӣ Насраддиншоев А.Н.

Мудири кафедра номзади илмҳои филологӣ Насраддиншоев А.Н.
Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи академик Моёншо Назаршоев ба шарофати соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, дар давоми сӣ сол ба муваффақиятҳои зиёд ноил гардид.
Кафедраи забони тоҷикӣ дар заминаи кафедраи забон ва адабиёти тоҷик соли 2002 таҳсис дода шуд. Нахустин мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик номзади илмҳои филологӣ Назарова Зарифа буда, баъдтар сарварии онро доктори илмҳои филологӣ Назрӣ Офаридаев ва сонӣ муаллими калони кафедра Фозилов Дорғабек ба уҳда доштанд.
Соли 2002 кафедраи забони тоҷикӣ аз кафедраи адабиёти тоҷик ҷудо шуда вазифаи мудири кафедраи забони тоҷикӣ ба зимаи доктори илмҳои филологӣ Шодихон Юсуфбеков гузошта шуд. Онҳо дар ташкил ва пешрафти фаъолияти кори таълимӣ, методӣ ва илмии кафедра саҳми арзандаи назаррас гузоштанд.
Баъдтар мудири кафедра номзади илми филологӣ, дотсент Насрадиншоев Азатшо, номзади илми филологӣ Қодиров Дилшод, номзади илми филологӣ, дотсент Фозилов Дорғабек, Қурбонмамадов Сомон, доктори илми филологӣ, профессор Аламшоев Муқбилшо, номзади илми филологӣ Холиқназарова Сакина ва Броимшоева Муслима таъин шуда, фаъолият намуданд. Ба кафедраи забони тоҷикӣ ҳоло номзади илми филологӣ, дотсент Насрадиншоев Азатшо сарварӣ менамояд.
Дар кафедра 14 нафар омўзгор ба таълиму тадрис ва корҳои илмию тадқиқотӣ машғуланд. Аз онҳо устоди пуртаҷриба Офаридаев Назрӣ – доктори илми филологӣ, профессор, Аламшоев Муқбилшо – доктори илми филологӣ, профессор, Қодиров Дилшод, Фозилов Дорғабек – номзади илмҳои филологӣ, дотсент, Насрадиншоев Азатшо – номзади илми филологӣ, дотсент, Броимшоева Муслима – номзади илмҳои филологӣ, дотсент, Ҷумъаева Баҳор – номзади илми филологӣ, дотсент, Шосафоева С. – номзади илмҳои филолоӣя, муаллимони калон Мирзоҳасанова Мавҷигул, Зоолшоева Фируза ассистент Фозилова Давлатбегим дар раванди таълим ва пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ кор ва фаъолияти самараноки арзишмандро ба ҷо оварда истодаанд.
Кафедра ба масъалаи корҳои методӣ диққати махсус дода, барои курсҳои тахассусӣ нақшаҳои кори таълимиро пайваста омода менамояд. Омўзгорони кафедра дар гурўҳҳое, ки ба сифати сарпараст фаъолият доранд, дар ҷашнвораҳо, маъракаҳои сиёсию фарҳангӣ фаъолона ширкат меварзанд.
Кафедра аз рўи равияи илмии «Тадқиқи масоили луғатшиносӣ ва сарфу наҳви забонҳои эронӣ» кори илмӣ-тадқиқотиро пеш мебарад.
Омўзгорони кафедра Офаридаев Назрӣ, Қодиров Дилшод Фозилов Дорғабек, Насрадиншоев Азатшо ва дигарон пайваста ба корҳои илмӣ машғул шуда, дар конференсияҳои умумидонишгоҳӣ, ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ иштирок карда, бо маърузаҳои ҷолиб оид ба масъалаҳои муҳими забоншиносӣ баромад менамоянд.
Ҳайати омўзгорон ва унвонҷўёни кафедра дар солҳои охир беш аз 150 номгўи мақолаҳои илмӣ ва 6 монографияро нашр намуданд. Маҷаллаи илмии Донишгоҳ «Паёми донишгоҳ» мувофиқи нақша аз нашр бароварда мешавад, ки дар нашри он доктори илми филологӣ, профессор Офаридаев Назрӣ ва номзади илмҳои филологӣ Қодиров Дилшод саҳми муносиб гузошта истодааст. Омўзгорон инчунин мақолаҳои илмиашонро дар маҷаллаҳои «Паём»-и Донишгоҳи давлатии Хоруғ, «Паём»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, «Ҷавонон ва илми муосир», «Ахбор»-и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Масъалаҳои илмҳои гуманитарӣ», «Маҷмўаи мақолот» (нашрияи Анҷумани мутоилоти ҷавомеи форсизабон) пайваста чоп менамоянд. Потенсиали илмии кафедраро 60 % ташикл медиҳад, ки ин ба талабот ва фаъолияти кафедра пурра ҷавобгӯ мебошад.
Алҳол дар назди кафедра дар курси 1-ум 4 нафар ва дар курси 2-юм 6 нафар, дар маҷмуъ 10 нафар магистратон таҳти роҳбарии докторони илм Офаридаев Назрӣ, Аламшоев Муқбилшо ва номзадҳои илм Қодиров Дилшод, Фозилов Дорғабек, Насрадиншоев Азатшо, Броимшоева Муслима, Холиқназарова Сакина ва Ҷумъаева Баҳор таҳсил ва ба корҳои илмӣ тадқиқотӣ машғуланд. Дар баробари ин 7 нафар унвонҷӯён корҳои илмӣ тадқиқотӣ мегузаронанд.
Омӯзгорони кафедра оид ба масъалаҳои мубрами забони тоҷикӣ,бахусус, иҷроиши “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатӣ” дар идораю муассисаҳои давлатию ғайридавлатӣ пайваста семинарҳо, курсҳои омӯзишӣ, лексияҳо доир менамоянд.
Иштироки омӯзгорони кафедра дар чорабиниҳои илмӣ, сиёсӣ, фарҳангию мадании донишгоҳ ва берун аз он назаррас аст.