Кафедраи педагогика, психология ва методикаи таълими фанҳо

Мудири кафедра, н.и.ф. Ҷумъаева Баҳор Давлатхоновна
Кафедраи педагогика, равоншиносӣ ва методикаи таълими фанҳо ва психология соли 1996 аз кафедраи фалсафа ҷудо шуда, ҳамчун кафедраи умумидонишгоҳӣ фаъолият мекард. Аз 1 сентябри соли 2017 ҳамчун кафедраи педагогика, равоншиносӣ ва методикаи таълим фаъолият дорад. Соли 2023 бо қарори раёсати ДДХ ба номи М. Назаршоев шомили факултети педагогӣ гардид. Ҳоло кафедраи педагогика, равоншиносӣ ва методикаи таълими фанҳо яке аз воҳидҳои муҳими таркибии факултети педагогӣ маҳсуб ёфта, фаъолияти худро дар самти тайёр намудани мутахассисони соҳаи педагогика, равоншиносӣ, педагогикаи иҷтимоӣ, дефектология, логопедия, сурдопедагогика ба роҳ мондааст. Фаъолияти кафедра дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот ба роҳ монда шудааст.
Аз солҳои аввали таъсисёбии он омӯзгорон Хуҷамриев Х., Нозимов С. вазифаи мудири кафедраро ба ӯҳда доштанд. Баъдан ба вазифаи мудири кафедра дар солҳои гуногун н.и.ф., дотсент Ҷумъаева Б.Д., н.и.ф. Раҳматуллоева Г., н.и.п. Қадамов Қ.Х. таъин гардиданд, ки дар рушди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисос саҳми назаррас гузоштанд. Мавзуи кафедра «Усулҳои асосии тайёр намудани мутахассисони рақобатпазир дар соҳаи педагогика ва равоншиносӣ» интихоб гардид ва аз рӯи он аъзоёни кафедра таҳқиқоти илмӣ мебаранд.
Соли 2023 мудири кафедраи педагогика, равоншиносӣ ва методикаи таълими фанҳо н.и.ф., дотсент Ҷумъаева Б.Д. таъин гардид ва то ҳоло дар ин вазифа кору фаъолият менамояд.
Кафедраи педагогика ва равоншиносӣ дар зарфи 30-соли фаъолияти Донишгоҳ садҳо мутахасиссони соҳаи омӯзгориро тайёр намуд. Бештари хатмкунандагони Донишгоҳ ба ҳайси омӯзгорони кафедра кори омӯзгориро идома дода истодаанд. Дар кафедраи педагогика, равоншиносӣ ва методикаи таълими фанҳо олимон-педагогогоне кор мекунанд, ки масъалаҳои назариявии илми педагогикаро таҳлилу таҳқиқ менамоянд. Аз ҷумла д.и.п. Азизӣ М.М., д.и.п. Булбулов Ҷ., н.и.п., дотсент Қадамов Қ.Х., н.и.ф. Хоников Ш.М. дар кафедраи мазкур ба кору фаъолият машғуланд.
Аъзоёни кафедра Қадамов Қ.Х., Раҳматуллоева Г.А. ҳангоми фаъолият дар кафедра бомувафақият рисолаҳои номзадиро ҳимоя намуданд.
Аъзоёни кафедраи педагогика, равоншиносӣ ва методикаи таълими фанҳо н.и.п., дотсент Қадамов Қ.Х., саромӯзгорон Дастамбуева П.Қ., Пайшамбиева Х.Л., Нозимова Б.С., ассистентон Рузадорова Ф.Э., Мамадназарбекова У.И., Ганҷалиева З.М., Ғарибмамадова Н.Д. С, оид ба фанни педагогика, равоншиносӣ, дефектология монография, мақолаҳои илмӣ, дастуру барномаҳои таълимиро ба табъ расондаанд.
Муаллимони ботаҷрибаи кафедра Дарвешова М.Б., Муволасейнова П.А., Мавлоназарова Ш.О. мунтазам бо донишҷӯён чорабиниҳои гуногунро баргузор менамоянд.
Дар назди кафедраи педагогика, равоншиносӣ ва методикаи таълими фанҳо маҳфили илмии донишҷӯён зери унвони “Педагогон ва психологони ҷавон” амал менамояд, ки моҳе ду маротиба дар кафедра бо мавзуъҳои мувофиқи самти кафедра баромад менамоянд.
Кафедраи педагогика, равоншиносӣ ва методикаи таълими фанҳо барои беҳтар тайёр намудани ҷавонон бар оянда ва омӯзиши кадрҳои соҳибихтисоси омӯзгорӣ саҳми муҳим мегузорад.