КАФЕДРАИ ПЕДАГОГИКА ВА МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ ИБТИДОӢ

Мудири кафедра, н.и.ф. Алихонова Сайёра Тиллохоновна

Кафедраи педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ моҳи майи соли 2001 дар факултети риёзӣ ва физика таъсис ёфт. Аз оғози фаъолияти кафедра то соли 2007 вазифаи мудири кафедраи педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ ба зимаи омӯзгори ботаҷрибаи фанни математика Муминамо Лаълбекова гузошта шуд. 

Айни замон дар кафедра ба таълиму тадриси донишҷӯён 1 – нафар дотсент Алихонова Сайёрамо, чор нафар номзадони илм:, Қурбонхонова Нуриҷаҳон, Зоолшоева Бибинасрин, Парпишоев Карам, панҷ нафар муаллимони калон Шабозова Сабоҳат, Абдулофизова Уснибегим, Оҷимамадова Робия,  ассистентон: Абдураҳимова Суратмо, Некбахтшоева Розия,  Фозилбекова Усния,  Холиқназарова Афсона, Бандалиева Зиёратмо, Лутфишоева Шамсия, Азизбеков Раҳимдод ва як нафар лаборанти кафедра Насриддиншоева Шаҳмиҷаҳон машғул мебошанд.

Ихтисосҳои зерин шомили кафедраи педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ мебошанд: таҳсилоти ибтидоӣ –1-010202, таҳсилоти томактабӣ –1-010102, таҳсилоти ибтидоӣ, санъати мусиқӣ, психология -1-01020203.  Ихтисоси таҳсилоти томактабӣ яке аз самтҳои муҳими низоми таълим мебошад, зеро он ба рушди шахсияти кӯдак аз хурдсолӣ асос мегузорад. Таҳсилоти томактабӣ на танҳо нигоҳубину нигоҳдории кӯдак, балки рушди ҳамаҷонибаи ӯро таъмин мекунад. Ихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ (омодасозии омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ) яке аз асоситарин ва муҳимтарин зинаҳои низоми таълим мебошад, зеро маҳз омӯзгори ибтидоӣ бо кӯдак аввалин пайванди мустақим дар ҷаҳони дониш, ахлоқ ва инсонгароӣ мегардад. Нақши ин ихтисос на танҳо омӯхтани фанҳои мактабӣ, балки ташаккули тамоми шахсияти кӯдак аст. Ихтисоси санъати мусиқӣ яке аз самтҳои муҳим ва арзишманди фарҳангу таълим буда, дар тарбияи зебоишиносӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҷомеа нақши калидӣ дорад. Мусиқӣ воситаи қавии таъсир ба эҳсос, тафаккур ва ҷаҳонбинии инсон мебошад. Аз ин рӯ, мутахассисони ин соҳа — муаллимони мусиқӣ, роҳбарони ансамблҳо, навозандагон, оҳангсозон ва ровиёни санъат — дар рушду ҳифзи фарҳанг нақши муҳим мебозанд.

Аз рӯи натиҷаи корҳои илмӣ аз тарафи устодони кафедра 6 монография, 6 – китоби дарсӣ, 5- барномаи таълимӣ, 56- мақолаи илмӣ, 36- мақолаҳои илмӣ – методӣ ва 6 дастури методӣ ба нашр расонида шудааст. Кафедра бо Филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар ВМКБ, Донишгоҳи Носири Хусрави Бохтар, Донишкадаи омӯзгории ба номи Саддридин .Айнӣ, Донишгоҳи Бобоҷон Ғаффурови ССуғд алоқаи зич дорад.

Дар тули солҳои зиёд вазифаи мудири кафедраро Лаълбекова Муъминамо (2002-2007), Алихонова С. Т. (2007-2021), Абдулофизова У.А. (2021-2021) ба ўҳда дошта, айни замон, н.и.ф. Алихонова С. Т. вазифаи мудири кафедраро ба зима дорад.