Раёсати илм ва инноватсия

Сардори раёсат илм ва иноватсия, н.и.х. Олифтаева Жола Абдулниёзовна

       Раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи Давлатии Хоруғ яке аз бахшҳои муҳимтарини Донишгоҳи Хоруғ ба шумор меравад, ки он тибқи қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи илм ва маориф барои муассисаҳои олии кишвар ташкил карда шудааст. Вазифаи асосии Раёсати илм ва иноватсияи Донишгоҳи Давлатии Хоруғ ин ба танзим даровардани тамоми фаъолиятҳои илмии ҳайати профессорон ва омӯзгорони донишгоҳ ба шумор меравад. Раёсати илм ва иноватсияи ДДХ зертобеи муовини ректор оид ба илм ва иноватсияи ДДХ буда, он аз чанд бахш иборат буда, фаъолияти онро кормандони бахшҳо ва раёсат пеш мебаранд.

       Дар сохтори раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ шуъбаи ташкил, банақшагирии корҳои илмӣ ва инноватсия, шуъбаи магистратура, аспирантура ва докторантура (PhD), шуъбаи танзими фаъолияти илмии  донишҷӯён, шӯрои диссертатсионӣ, шуъбаи таъбу нашр ва иттилоот, бахши рушди касбият, парки технологӣ, китобхонаи илмӣ дохил мебошанд.

        Раёсати илм ва инноватсия фаъолияти мухталиф ва гуногунҷабҳаи илмӣ-тадқиқотиро дар донишгоҳ танзим менамояд.

       Нахуст соли 2000 дар назди проректор оид ба илм шуъбаи магистратура ва аспирантура ташкил ёфт. Соли 2003 бошад шуъбаи илм ва соли 2019 дар заминаи он Раёсати корҳои илмӣ тадқиқотӣ таъсис дода шуд ва аз соли 2022 ҳамчун Раёсати илм ва инноватсия фаъолият карда истодааст.

       Дастовардҳои илмии донишгоҳ дар 33 соли фаъолият маҳз ба кӯшишу тавоноӣ ва иқтидори зеҳнии ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ вобастагӣ дорад.

     Дар пешбурди корҳои илмию таҳқиқотӣ 1 нафар академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, 1 нафар узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, 14 нафар доктори илм, 54 нафар номзади илм ва 298 нафар омӯзгори бедараҷа ва унвони илмӣ ҳиссагузорӣ мекунанд.

         Барои вусъати тоза бахшидани самти илм Нақшаи дурнамои тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев барои солҳои 2021-2030” таҳия гардида, бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ аз 27.01.2023, №7 дар таҳрири нав тасдиқ карда шудааст. Имрӯз дар ин боргоҳи маърифат “Нақшаи дурнамои корҳои илмӣ-тадқиқотии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев барои солҳои 2023-2027” дар кафедраҳои факултетҳо мавриди иҷро аз рӯйи марҳилаҳо қарор доранд. Ҳамзамон “Нақшаи баргузории машваратҳо, конференсияҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо, ҳамоишҳо, мизҳои муддавар ва семинарҳои илмӣ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев ҳамасола ба маҷрои тадбиқ равона шудааст. Дар донишгоҳ ҳамасола дар доираи “Нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конференсияҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” конференсияҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва умумидонишгоҳӣ гузаронида мешаванд.

Метавон гуфт, ки ин се ҳуҷҷати муҳим ва калидӣ самти корҳои илмиро дар донишгоҳ ба танзим дароварда, дар сурати тадбиқи онҳо аҳли зиёи донишгоҳ хизмате дар рушди илми ватанӣ хоҳанд кард.

         Раёсати илм ва инноватсия дар иҷрои лоиҳаҳои илмӣ(мавзуъҳои супоришӣ) ҳамасола корҳои муайянеро ба анҷом мерасонад. Масалан, айни ҳол  ҳайати профессорону омӯзгорон, ходимони илмӣ, докторантҳо ва унвонҷӯёну муҳақиқони донишгоҳ аз рӯйи 21 самт ва беш аз 32 мавзуи илмӣ, инчунин аз рӯйи 2 мавзуи фармоишӣ дар самтҳои “Такмил додани механизми рушди ҳамаҷониба ва мутавозини инфрасохтори сайёҳӣ дар самти хатти Помири Роҳи бузурги абрешим” ва “Татбиқи самтҳои муҳимми забоншиносии амалӣ ва таълими забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ” соли тақвимиро ба анҷом расонидаанд.

        Теъдоди ҷамъият ва маҳфилҳои илмии донишҷӯён дар назди кафедраҳои факултетҳои донишгоҳ 21 ададро ташкил дода, 356 нафар донишҷӯён ба фаъолияти илмию таҳқиқотӣ ҷалб карда шудаанд. Аъзоёни ин маҳфилҳо ва ҷамъиятҳо дар чорабиниҳои илмӣ, олимпиадаҳо ва озмунҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.  

         Ҳамзамон, дар доираи амалисозии Барномаи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф” эълон гардидани солҳои 2020-2040, озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат”, “Муаҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон”,  “Ихтирокорон ва навоварони Тоҷикистон”,  “Донишҷӯ ва пешрафти илму техника”, “Олими  сол”, “Магистранти сол” дар доираи низомномаҳои тасдиқшуда гузаронида мешаванд.

          Раёсати Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев ҷиҳати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи парки технологӣ» (аз 21 июли соли 2010, № 629) ва Низомномаи намунавӣ оид ба ташкил ва фаъолияти парки технологии муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ ва илмии соҳаи маориф (қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.05.2011, №13/29) корҳои муайянеро ба анҷом расонидааст.

        Аз оғози фаъолият то имрўз вазифаи сардории раёсати илмро  дар солҳои гуногун Элчибеков Қ.,Содатқадамова Т.М., Элназарова Ҳ.А., Шофақирзода Р.М., Насрадиншоев А.Н.,, Давлатбеков Ф.Д. ва Силталиева Ш.А. ба уҳда доштанд. Аз моҳи сентябри соли 2025 ба вазифаи сардори раёсати илм ва инноватсияи ДДХ номзади илмҳои химия Олифтаева Ж.А. таъйин гардиданд.