КАФЕДРАИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ

Мудири кафедра Яқубова Савригул Марамбековна
Кафедраи забонҳои хориҷӣ дар соли 1994 таъсис ёфта, нахустин мудирии онро номзади илмыои филологӣ Ш. Мамадамбарова, доктори илмҳои филологӣ, аъзои кореспонденти Академияи илмҳои Русия, профессор Парвона Ҷамшедов, саромўзгори кафедра Гуламадшоев И, доктор Чак Элси ва саромўзгори кафедра Раҳимов К . ба ўҳда дошта баҳри баланд бардоштани потенсиали илмии кафедра саҳми назаррас гузоштаанд.
Соли 2000 дар заминаи кафедраи филологияи англис кафедраи забонҳои хоричӣ ташкил шуд. Мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ н.и.ф. Мамадасламов М таъин гардид. Дар кафедраи забонхои хориҷӣ омӯзгорони бахшҳои забони ангисӣ, барои факултетҳои ғайри ихтиссосии донишгоҳ ва бахши забони олмонӣ ва забон ва адабиёти рус фаъолият намуданд. Аз соли 2003 то 2024 мудирии кафедраро Рустамбеков Ч, Иматшоева М, Саидбеков О, Шамиров С Мамадасламов, Хусравбекова Б.Д, Шонизорова М.А М ба ўҳда доштанд. Дар солҳои зикри гардида кафедра ба бисёр дастовардҳои илмӣ ва методӣ ноил гардид. Аз моҳи сентябри соли 2024 мудирии кафедраро саромўзгори кафедра Яқубова Савригул Марамбековна ба ўҳда дорад. Дар кафедраи забонҳои хориҷӣ 14- нафар омузгорони соҳибтаҷриба ба кори таълиму тарбия машцуланд. Аз ҷумла: 1-нафар доктори илм, профессор,5-нафар саромузгор, 6-нафар ассистент, 4-коромӯз ва 1-лаборант. Аз руи 9694 соат, ки 14-нафар воҳиди кориро ташкил медиҳанд, кафедра фаъолияташро ба роҳ мондааст. Омӯзгорони кафедра дар бахши забони олмонӣ дар гуруҳҳои ихтисосӣ ва ва англисӣ дар гурӯҳҳои ғайриихтиссосӣ ба донишҷуён дарс медиҳанд.
Аксарияти омӯзгорони кафедра таҷрибаи баланди омузгорӣ дошта, аз курсҳои такмили ихтисос омӯзгорони кафедра дар дар Ҷумҳурии Федералии Олмон, Португалия,Ҳиндустон,Чехия ва шаҳрҳои Душанбе ва Хоруғ гузаштаанд. Дар баланд бардоштани сифати забондонӣ ва маҳорати методӣ омузгорони бахши забони олмонӣ ва англисӣ дар донишгоҳҳо ва донишкадаҳои бонуфузи Олмон ба номи Иоган Волфганг Гёте, Александр Гумболд, Донишгоҳҳои шаҳрҳои Ҳайдаробод ва Ахмедободи Ҳиндустон аз такмили ихтисос гузашта соҳиби сертификатҳо гардиданд. Донишҷуёни бахши забони олмонӣ ҳар сол 2-нафарӣ ҳангоми таътили тобистона дар асоси барномаи такмилдодаи ДААД-и Олмон дар донишгоҳҳо ва донишкадаҳои Олмон аз курсҳои забони олмонӣ гузашта дониш,маҳорат ва малакаи худро инкишоф дода,ҷаҳонбинии худро васеъ намуданд ва соҳиби шаҳодатномаҳо гардиданд. Ҳар сол муаллимони забони олмонӣ дар анҷуманҳои муаллимони забони олмонӣ ва семинарҳо, ки аз тарафи ДААД-и Олмон, донишгоҳҳои Гёте-и шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон ва давлатҳои Шветсария ва Австрия баргузор мегарданд иштирок мекунанд. Таҷрибаивазкунӣ байни омӯзгорон дар кафедра дуруст ба роҳ монда шуда, ба омузгорони ҷавон мунтазам ёрии методӣ расонда мешавад. Инчунин аз тарафи омузгорони боистеъдод ба омузгорони ҷавон тавсияҳои муфиди методӣ дода мешавад. Дар кафедра семинарҳои доимамалкунанда фаъолият карда, моҳе як маротиба бо аъзоёни кафедра семинархо гузаронида мешаванд. Дар семинарҳо мавзуҳҳои гуногуни илмӣ, ва маърузаҳо баррасӣ карда шуда, мавриди муҳокима қарор мегиранд.Аз тарафи омӯзгорони кафедра мунтаззам дарсҳои кушод гузаронида мешаванд. Аз тарафи омӯзгорони кафедра мунтазам корҳои мустақилона қабул карда шуда дар дафтари қабули корҳои мустақилонаи донишҷӯён қайд карда мешаванд.Дар кафедра маҳфили илмии донишҷӯён фаъолият карда истодааст, ки роҳбариашро ассистенти кафедра Ақназарова М.Х ба зимма дорад.Маҳфил моҳе як бор гузаронида мешавад ва донишҷӯён бо маърӯзҳои илмии тибқи ҷадвали аз тарафи кафедра тасдиқ гардида баромад мекунанд.