КАФЕДРАИ ТАЪРИХИ УМУМӢ

Мудири кафедра Дилдоров Гулшер Алибекович
Кафедраи таърихи умумӣ яке аз нахустин кафедраҳои факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев мебошад, ки соли 1993 дар заминаи кафедраи фанҳои гуманитарӣ таъсис ёфта буд. Кафедра то соли 1994 бо номи кафедраи фанҳои чамъиятшиносӣ ва аз соли 1994 бо номи кафедраи таърихи умумӣ фаъолият кардааст. Дар солҳои 2021–2025 кафедра бо номи таърих ва диншиносӣ фаъолият намудааст. Аз моҳи сентябри соли 2025 дар сохтори кафедраи мазкур тағйирот ба миён омада, кафедраи номбурда аз нав бо номи кафедраи таърихи умумӣ таъсис ёфт.
Айни замон дар кафедра ба таълиму тадриси донишҷӯён 1-нафар доктори илмҳои таърих, профессор Ҳоҷибеков Элбон, 4 нафар – номзади илмҳои таърих, дотсент Алимшоев Мамадризо Мамадҳасанович, Шоинбеков Аловиддин Абдуллобекович, Мамадсалимов Насим Абдулазизович, номзади илмҳои таърих муаллими калон Бодурбекова Айдигул Нағзибековна 2 – нафар муаллими калон Карамшоева Гулчеҳра Қадамшоевна., Наврузбекова Ҳусноро Давлатшоевна, 2 – нафар ассистентон, Худобердиев Розиқ Боронбекович, Қурбонбекова Ҳамида Масруровна 3 – нафар коромӯз, Қадамов Шоҳназа Султонназарович, Қаладорова Шарора Исфандиёровна,.Бодурхонова Ҳуснигул Булқиёевна машғул мебошанд.
Кафедраи таърих умумӣ барои ихтисосҳои 1-020101 – таърих, 1-020102-06 – Таърих (Таърихи дин) дар зинаи бакалавр ва 1-020101 – таърих дар зинаи магистр, 6 D 020300 – Таърих дар зинаи доктор фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос ҳамчун кафедраи тахассусӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳайати устодони кафедра дар самти таърих, этнографияи Бадахшон дар замони Шӯравӣ ва то инқилобӣ корҳои илмӣ–таҳқиқотӣ мебаранд. Аз рӯи натиҷаи корҳои илмӣ аз тарафи устодони кафедра 4 монография, 13 китоб, зиёда аз 15 дастури методӣ, 2 патент, 300 мақолаи илмӣ ба нашр расонида шудааст.
Кафедра бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти илмҳои гуманитарӣ ба номи Б.Искандаров, Институти таърих ва бостоншиносӣ ба номи А.Дониш, Донишгоҳи миллӣ, Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи С.Айнӣ, самти таърихи Академияи илмҳои табии (РАЕ), Кунст Камераи Санкт–Петербург, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б. Ғафуров ва ғайра алоқаи зич дорад.
Мудири аввалини кафедраи номбурда, номзади илмҳои таърих, дотсент Қурбонбек Элчибеков (1993-1995) буд. Баъдан дар солҳои гуногун мудирони ин кафедра Мансурова Оламгул (1995–2003), Шодмонбеков Юсуф (2003-2004), профессор Ҳоҷибеков Э. (2004-2016), номзади илмҳои таърих, дотсент Сафарқулова Гулмоҳ Юсуфшоевна (2017 – 2022) номзади илмҳои таърих Занҷирбекова Г. И.( 2022 – 2023 ) буданд. Ҳоло сарварии кафедраро Дилдоров Гулшер Алибекович ба ӯҳда дорад.
Дар назди кафедра маҳфили илмии донишҷӯён «Таърихчиёни ҷавон » бо роҳбарии муаллима Қадамов Ш.С . амал мекунад, ки бо ибтикори он ба ифтихори ба ҷашнҳои миллӣ чорабиниҳо, мизҳои мудаввар, мулоқотҳо бо собиқадорони маориф, маҳфилҳои ёдбуди устодон, экскурсияҳо ба ҷойҳои таърихӣ ташкил ва гузаронида мешаванд.