ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев Озмоишгоҳи зеҳни сунъӣ бо иштироки Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
📚Иттилоъ дода шуд, ки маркази мазкур дар доираи супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбати ба мақоми олии қонунбарори кишвар зикр намуданд, ки «Пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ ва тавсеаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки ин дастовардҳо дар ҳама соҳаҳо самаранок истифода гардида, ба манбаи иловагии рушди иқтисодӣ ва содироти хизматрасонӣ табдил дода шаванд» таъсис дода шуд.
📖Марказ имконият дорад, ки донишҷӯёну магистарнтон ва докторантоу муҳақиқони ҷавони донишгоҳ тавассути технологияҳои нав барномаҳои гуногун омода созанд, тақвияти иқтидори илмӣ-таҳқиқотӣ ва омода намудани мутахассисони баландихтисос дар самти технологияҳои рақамӣ мебошад. Ифтитоҳи он қадами муҳим дар роҳи татбиқи дастовардҳои инноватсионӣ ва ҳамқадам гардидани донишгоҳ бо равандҳои муосири илму техника ба ҳисоб меравад.
📊Зимни маросими ифтитоҳ раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ қайд намуданд, ки таъсиси чунин марказҳо барои рушди соҳаҳои зеҳни сунъӣ, барномасозӣ, таҳлили додаҳо ва дигар самтҳои афзалиятноки технологияҳои иттилоотӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Ҳамчунин маркази зеҳни сунъӣ бо таҷҳизоти муосир таъмин буда, ба донишҷӯён ва омӯзгорон имконият медиҳад, то донишҳои назариявии худро бо амалия пайваста, дар татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ фаъолона иштирок намоянд.
✅Интизор меравад, ки фаъолияти марказ дар баланд бардоштани сатҳи таҳсил, рушди таҳқиқоти илмӣ ва омодасозии кадрҳои рақобатпазир соҳа ва татбиқи натиҷаҳои он дар соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар ба роҳ монда мешавад.