Ҳисоботи солонаи лоиҳаи Оғози равишҳои инноватсионӣ ва малакаҳои соҳибкорӣ барои донишҷуён таввасути фароҳам овардани шароит барои шуғли хатмкунандагон дар Осиёи Марказӣ(ТРИГГЕР) барои соли 2021-2022

Яке аз лоиҳаҳои амалкунандаи Эрасмус + дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ-ии лоиҳаи ТРИГГЕР мебошад. Лоиҳаи ТРИГГЕР аз тарафи Комиссияи Аврупоӣ маблағгузорӣ мегардад. Максади асосии лоиҳа ин ташаккул додани равишхои инноватсионӣ ва малакахои сохибкорӣ барои донишҷуён тавасути фароҳам овардани шароит барои шуғли баъдидипломиӣ дар Осиёи Маркази мебошад. Лоиҳаи мазкур 16 донишгоҳҳои ҳамшарик аз он чумла 5 донищгоҳ аз давлати Аврупо ва 10 донишгоҳи аз Осиёи Марказиро дар бар мегирад. Тарҳрези лоиҳаи мазкур Донингоҳи Техникии Словакия буда, Ҳамоҳангсози он Наташа Урбанчикова мебошад.Ҳамоҳангсози лоиҳаи мазкур дар ДДХ Мардонова Тоҷигул мебошад.Дар давраи ҳисоботӣ лоиҳа ба чунин тадқиқотҳоро ба анҷом расонид.

  • D1.2. Ҳисобот дар бораи омодагии мактаби олӣ ба мушкилоти оянда- шахси масъул- Қаламфурова Асел тадқиқотро ба анҷом расонид.

  • D 2.1 Ҳисобот дар бораи вазъи таҳсилоти соҳибкорӣ дар ҳар як донишгоҳи шарик ва норасоиҳо байни талаботи малакаҳои ояндаи бозори меҳнат ва пешниҳоди таҳсилоти соҳибкорӣ, номутобиқатии эҳтимолии дониш ва малакаҳо-Шоидарвозова Марзия ва Мардонова Тоҷигул тадқиқотҳоро ба анҷом расониданд.

  • D 3.1 Ҳисобот дар бораи вазъи таҳсилоти соҳибкорӣ дар ҳар як донишгоҳи шарик ва норасоиҳо байни талаботи малакаҳои ояндаи бозори меҳнат ва пешниҳоди таҳсилоти соҳибкорӣ, номутобиқатии эҳтимолии дониш ва малакаҳо-Сайфуллоева Ольга тадқиқотро ба анҷом расонид.Натиҷаи ҳисобот замима карда шудааст.

Кор аз болои лоиҳаи мазкур давом дорад.