Шӯъбаи маркази тестӣ
Шӯъбаи маркази тестӣ соли 2011 ташкил шуда тариқи барномаи нави имтиҳонсупорӣ кору фаъолият. Аз соли 2011 то соли 2014 шуъбаи маркази тестӣ бо барномаи uchtest (равнди имтиҳонсупориро) ба роҳ гузошта шуд. Шӯъбаи номбаршуда бо барномаи аз тамоми донишҷӯёни Донишгоҳ тариқи қоғаз имтиҳонро қабул намуд. Соли 2015 бо қабул гардидани системаи нави таълим низоми таҳсилоти кредитӣ шӯъбаи маркази тестӣ низ барномаро иваз намуда системаи имтиҳонсупориро тариқи компютер ба роҳ монд. Аз соли 2015 то ин ҷониб тамоми донишҷӯён бо компютер имтиҳон супорида натиҷаи онҳо ба таври автоматӣ тариқи формулаи тасдиқшуда бароварда мешавад, барномаи нави компютерӣ имкониятҳои бисёр дорад.
- Ба ғайр бо забони тоҷики баровардани маълумотномаи академӣ бо забони англисӣ ва русӣ;
- Барои баровардани руйихати холи миёнаи умумӣ (GPA) ба таври автоматӣ;
- Барои баровардани руйихати қарздорӣ бо рейтингҳо ва имтиҳони ҷамбастӣ;
- Барои баровардани замима ба диплом дар се забон;
- Баровардани маълумотномаи академӣ (ведмости ҷамъбастӣ);
- Баровардани ҷадвали имтиҳонотие, ки ҳар сол аз тарафи факултетҳо пешниҳод гардид;
- Интиқол ва барқарори намудани донишҷӯён (маълумоти онҳо сабт карда мешаванд);
- Баровардани варақаи шахсии донишҷӯ;
- Баровардани варақаи (ведмост) фарқиятҳо;
- Баровардани варақаи (ведмост) фардӣ;
Ин барномаро шахсони масъули шуъбаи маркази тестӣ барномасозӣ намуда то ҳол ин барнома фаъолият менамояд.
Роҳбарии ин марказро Раматшоев Далер ба ӯҳда дорад.