Шуъбаи тайёрии донишгоҳ
Бо максади баланд бардоштани сатҳи дониши чавонон ва тайёр намудани онҳо барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарики худмаблағгузори моҳи октябри соли 2015 дар донишгоҳи Давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев шуъбаи тайёрӣ кушода шуд. Шуъбаи мазкур дар мувофиқа бо раёсати донишгоҳ бо ризоияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташро оғоз намуд.
Таҳсил дар ин шуъба тариқи рўзона ташкил карда шуда, аз тарафи донишгоҳ барои фаъолияти мунтазам синфхонаҳо ва маводҳои методӣ пешниҳод шудаанд.
Маблағи таҳсил аз рўи нархнома, ки бо хадамоти зидди инсори муофика карда шудааст, пардохт карда мешавад. Таҳсил дар гуруҳҳо аз руйи 5 кластер, аз фаннҳои таърих, ҳуқуқ, забони русӣ, забони ангилисӣ, математика, биология, химия, физика, забон ва адабиёти тоҷик, география, ба роҳ монда шудаанд. Барои тадриси фаннхо омўзгорони таҷрибадори кафедраҳои донишгох ҷалб карда мешаванд. Давомнокии тахсил 6 моҳро дар бар мегирад.
Чи хеле ки аз натиҷаи имтихонхои дохилшави солҳои охир маълум гардид, то 80% хонандагони дар курсхои тайёрӣ таҳсил карда ба донишгоҳхои дохил ва хориҷи кишвар дохил шудаанд.
Роҳбарии шуъбаи тайёриро омузгорони зерин: Амирбеков А.А, Шамшеров С.М, Насриддинов Д.А, Искандаршоева З.К, ва айни ҳол вазифаи мудири шўъбаи мазкур Пайшанбиева Сулхия Мехмоновна ба ўҳда дорад.