
Сардори шуъбаи Бақайдгирӣ ва низоми таҳсилоти кредитӣ Азимшоева Рухшона Асалбековна
Шуъбаи бақайдгирӣ ва низоми таҳсилоти кредитӣ
Дар асоси қарори мушовараи ғайринавбатии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07.05.2015 № 12/2 «Оид ба гузариш ба низоми ҷаҳонии таҳсилот- низоми кредитии таълим» ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ вазифадор карда шудаанд, ки аз моҳи сентябри соли 2015 пурра ба низоми кредитӣ гузаранд. Дар як вақт «Низомномаи намунавии ташкили раванди таълим дар муассисҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити низоми кредитии таҳсилот» таҳия ва тасдиқ гардид ва дар айни замон аз руи он кор пеш бурда мешавад.
Дар соли таҳсили 2015- 2016 донишгоҳ пурра ба низоми кредитии таҳсилот гузаронида шуд. Бо мақсади пеш бурдани раванди таълим дар шароити низоми кредитии таҳсилот моҳи октябри соли 2015 шуъбаи бақайдгирӣ ва низоми таҳсилоти кредитӣ бо 5 воҳиди корӣ таъсис дода шуд. Аз тарафи шўъбаи мазкур Низомнома шуъба омода карда шуда дар Шўрои олимони донишгоҳ тасдиқ карда шуд ва дар айни ҳол фаъолияти шўъба аз рўи он пеш бурда мешавад. Нақшаи кории шўъба барои ҳар як соли таҳсил аз тарафи ректори донишгоҳ тасдиқ карда мешавад.
Роҳбарии шуъбаи мазкурро муаллими калон Сарадбеков Равшанбек, муаллимаи калон Искандаршоева Замира ба уҳда доштанд. Айни ҳол мудири шуъбаи мазкур Азимшоева Рухшона Асалбековна мебошанд.
Аз тарафи шуъбаи бақайдгирӣ ва низоми таҳсилоти кредитии донишгоҳ ҳуҷҷатҳои меъёрии зерин, «Тартиби гузаронидани машғулиятҳои аудитории лексионӣ-назариявӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити низоми кредитии таҳсилот», «Тартиби гузаронидани машғулияти аудитории амалӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити низоми кредитии таҳсилот», «Тартиби ташкил ва гузаронидани корҳои мустақилонаи донишҷўи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити низоми кредитии таҳсилот» ва «Тартиби таҳия ва тасдиқ намудани барномаи кории фанни таълимӣ (силабус) дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити низоми кредитии таҳсилот» , ки тибқи Қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таърихи 04.01.2017 тасдиқ шудаанд, дар шакли китобча омода шуда шакли электронии он дар компютерҳои садорати факултетҳо, кафедраҳо ва дигар сохторҳои донишгоҳ ҷой дода шудаанд.