Заминаҳои асосии рушди сайёҳӣ ва нақши он дар инфраструктураи минтақа

🇹🇯🤝📊ТАҶЛИЛИ РӮЗИ САЙЁҲӢ ДАР ДОНИШГОҲ 🇹🇯🤝📊

🗓28-уми сентябри соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – назариявӣ таҳти унвони “Заминаҳои асосии рушди сайёҳӣ ва нақши он дар инфраструктураи минтақа” баргузор гардид.
📉Конференсияро муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, доктори илмҳои техникӣ, профессор Аҳмадзода Баҳромҷон Раҷаб ҳусни ифтитоҳ бахшида, саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди соҳаи туризм ёдрас намуд. Қайд намуд, ки ВМКБ минтақаи мусоид барои рушди соҳаи туризм буда, дар пешрафти иқтисодиёти вилоят саҳми арзандаро мегузорад.
📚Муовини раиси вилоят Умедҷон Носирзода зимни баромади худ қайд кард, ки барои пешрафти соҳаи туризм инфрасохтори ба талабот ҷавобгӯ муҳайё шудааст. Гуфта шуд, ки имрӯз аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳои ҳудуди ВМКБ ба танзим даромада истода, то даромадгоҳи Рӯшон, аллакай кор рафта истодааст. Дар нақша аст, ки солҳои наздик роҳи мошинагард аз даромадгоҳи Рӯшон то Варшези ноҳияи Шуғнон сохта мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.
📌Муовини раиси вилоят, инчунин оид ба ҷойҳои таърихӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва табиати зебои Бадахшон, ки барои рушди соҳаи туризм муҳим ҳастанд, маълумоти муфассал дод.
🔎Мамдризохонов Акбар – доктори илмҳои биологӣ, профессори кафедраи биологияи умумӣ роҷеъ ба масъалаи “Имкониятҳои истифодабарии захираҳои табиии ВМКБ барои рушди туризм” баромад намуда, афзалият, пешрафт ва дуруст ба роҳ мондани туризми экологӣ дар вилоят ба таври муфассал маълумот дод.
📒Силталиева Ш – муаллимаи калони кафедраи менеҷмент ва маркетинг дар мавзуи “Туризм ҳамчун соҳаи иқтисодиёт ва нақши он дар рушди инфрасохтори минтақа” баромад намуда, нақши соҳаи туризмро дар иқтисоди мамлакат пешгӯи намуд.
🗒Назарбекова Р – муаллими калони кафедраи география ва туризм дар мавзуи «Вопросы эффективного использования туристических ресурсов верховья реки Пяндж» баромад кард.