Бахши таҷрибаомӯзӣ

Мутобиқи  сохтори  тасдиқшудаи  Донишгоҳ  барои ташкилу ба нақшагирии таҷрибаомӯзии таълимӣ, истеҳсолӣ гузаронидани он дар сохтори  Раёсати  таълим бахши таҷрибаомӯзи бо як воҳиди корӣ амал менамояд.

Шӯъба дар асоси Низомнома ва қонуни амалкунандаи соҳа таҳсилоти олӣ, қарорҳои мушовараи  Вазорати маориф  ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳои таълимӣ ташкил ва гузаронидани  таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолиро нақшабанди  карда, нақшаи тақвимии гузаронидани таҷрибаомӯзиро  вобаста ба ихтисос  дар мувофиқа бо кафедраҳо таҳия менамояд.

Мутобиқи  барномаи таълимӣ санҷиши нақшаҳои таълимиро вобаста ба мутобиқати   муҳлати таҷрибаомӯзӣ дар доираи барномаҳои таълимӣ, ташкили семинарҳои дастуриву методӣ омода  намудани васоити таълимию методӣ, дастурамалҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ оид ба таҷрибаомӯзӣ, омода намудани шартномаҳо бо корхонаҳо ва муассисаҳо таҳияи  пешниҳод  оид ба ташкили таҷрибаомӯзӣ, анҷом медиҳад.

Роҳбарии ин шӯъбаро Шоғузанфаров Саидмансур ба ӯҳда дорад.