ҚОИДАҲО БАРОИ МУАЛЛИФОНИ
МАҶАЛЛАИ НАЗАРИЯВӢ ВА ИЛМИИ «ПАЁМИ
ДОНИШГОҲИ ХОРУҒ»
Мақолаҳои илмие, ки барои нашр ба маҷалла пешниҳод мегарданд, бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошанд:
а) мақолаи илмӣ бояд бо назардошти талаботи муқаррарнамудаи маҷалла омода гардида бошад;
б) мақола бояд натиҷаи таҳқиқоти илмӣ бошад;
в) мавзӯи мақола бояд ба яке аз самтҳои илмии маҷалла мувофиқат намояд.
Талабот нисбат ба таҳияи мақолаҳои илмӣ:
-матни мақола бояд дар формати Microsoft Word омода гардида, бо ҳуруфи Times New Roman барои матнҳои русию англисӣ ва бо ҳуруфи Times New Roman Tj барои матни тоҷикӣ таҳия гардида, дар матн ҳаҷми ҳарфҳо 14, ҳошияҳо 2,0 см ва фосилаи байни сатрҳо бояд 1,5 мм бошад.
-формулаҳо, аломатҳо ва нишонаҳои ҳарфҳои бузургиҳо бояд дар муҳаррири формулаи Microsoft Equationва ѐ Math Type (ҳуруфи 12) ҳуруфчинӣ карда шаванд. Танҳо он формулаҳое, ки ба он истинод оварда шудаанд, рақамгузорӣ карда мешаванд.
-нақшаҳо, схемаҳо, диаграммаҳо ва расмҳо бояд рақамгузорӣ карда шаванд ва инчунин, онҳо бояд номи шарҳдиҳанда дошта бошанд.
Ҳаҷми мақола бо формати А4 бо назардошти рӯйхати адабиѐти истифодашуда ва аннотатсияҳо аз 8 то 10 саҳифаро бояд дар бар гирад.
Сохтори мақола бояд бо тартиби зерин таҳия гардад:
1. Индекси ТДУ барои мақола;
2. Номи мақола;
3. Насаб ва дар шакли ихтисор ном ва номи падар (намуна: Раҳимов С.Ҳ.);
4. Номи муассисае, ки дар он муаллиф (он) кору фаъолият менамояд;
5. Матни асосии мақола;
6. Рӯйхати адабиѐти истифодашуда (на бештар аз 10 номгӯй);
7. Номи мақола, аннотатсия ва калимаҳои асосӣ (бо се забон: забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ);
8. Аннотатсия дар ҳаҷми на камтар аз 6-7 сатр ва калимаҳои асосӣ аз 8 то 10 номгӯ бояд таҳия карда шавад.
9. Маълумот дар бораи муаллифон бо се забон (пурра ном, насаб ва номи падар пурра, ҷойи кор, вазифа, унвони илмӣ, суроғаи ҷойи кор, почтаи электронӣ, телефон).
Ҳангоми иқтибосоварӣ адабиёти истифодашуда ва саҳифаи мушаххаси он бояд дар қавси чаҳоркунҷа нишон дода шавад.
Намуна [4, с.15], яъне адабиёти №4, саҳифаи 15.