Кафедраи ботаника ва экология

Мудири кафедра н.и.б. Асматбекова Фарзина Яқубалишоевна

Кафедраи ботаника ва экология яке аз воҳидҳои асосии сохтории факултети биология мебошад ва фаъолияти худро дар самти тайёр кардани мутахассисони баландихтисос дар соҳаи ботаника, физиологияи растаниҳо ва экология  амалӣ менамояд.

Кафедраи ботаника ва экология  моҳи сентябри соли 2025  таъсис ёфта,   дар тайёр намудани  мутахассисони соҳавӣ саҳми арзанда гузоштааст. Мавзуи илмии кафедра “Таъсироти тағирёбии иқлим ба олами набототи куҳистони  Тоҷикистон ” иҷро  шуда истодааст.

Дар назди кафедра озмоишгоҳи “Экологияи таҷрибавӣ”  фаъолият доранд, ки барои гузаронидани таҷрибаҳои амалӣ, корҳои тадқиқотӣ ва лоиҳаҳои илмӣ шароити зарурӣ фароҳам меоранд.

Дар кафедра айни ҳол 17 нафар корманд фаъолият менамоянд, ки аз ҷумлаи онҳо:

  • 2 нафар доктори илм (Мамадризохонов А.А.,Наврузшоев Д)
  • 4 нафар номзади илм, (Давлатбек С.Х.,Содатқадамова Т.М, Исмоилов М.Т., Хуҷамзода Г.Д)
  • 2 нафар муаллими калон (Тавакалова Г.П.,Асматбекова Ф.Я)
  • 2 нафар ассистент (Имомёрбекова Б.К.,Шозодаҳасанова Ф.С)
  • 5 нафар коромӯз (Карамхудоева Ф. Ш., Алидодова Г.Ш., Шодмонбекова З.А., Асматбекова Ф.Я., Душанбиев А.У)
  • 1 нафар лаборант (Партовиева Б)
  • 1 нафар котиба мебошанд (Мирасанова В.)

Аъзоёни кафедра бо масъулияти баланд ба корҳои таълимӣ, илмӣ ва тарбиявӣ машғуланд. Онҳо дар таҳияи барномаҳои таълимӣ, гузаронидани лексияҳо, машғулиятҳои амалӣ ва роҳбарии корҳои илмии донишҷӯён фаъолона иштирок менамоянд.

Кафедра ҳамкории зич бо муассисаҳои илмӣ ва таълимии ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар, аз ҷумла Пажӯҳишгоҳи биологии Помир, Мақомоти ҳифзи муҳити зисти ВМКБ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи омӯзгори педагогии Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ  ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дорад. Мақсади асосии кафедра тайёр кардани мутахассисони дорои ҷаҳонбинии илмӣ, дониши муосир ва малакаи амалии омӯзишу ҳифзи табиат буда, онҳо қодиранд дар самтҳои илм, таълим ва экология фаъолият намоянд