ҲИСОБОТ оиди фаъолияти Шурои диссертатсионии 6D.КОА-087-и назди Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев
1.Мутобиқи сархати 14 банди 9 ва сархати 4 банди 18 Низомномаи муассисаи давлатии “Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” (Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 110 ноябри соли 2021,№ 270) ва бандҳои 15, 20, 21 ва 22 Низомномаи шурои диссертатсионӣ (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №267), шурои диссертатсионӣ оид ба дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (РhD)-доктор аз рӯйи ихтисоси 6D020500-Филология (6D020501 – Адабиёти тоҷик ва 60020502-3абони тоҷикӣ) ва барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм аз руйи ихтисосхои 10.01.00-Адабиётшиносӣ (10.01.01- Адабиёти тоҷик, равобити адабӣ) ва 10.02.00-Забоншиносӣ (10.02.01-Забони тоҷикӣ) дар назди Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев аз санаи 31.01. 2025, № 43/шд шурои диссертатсионӣ таъсис дода шуда, фаъолият намуда истодааст.
2.Маълумот дар бораи теъдоди дисертатсияҳои баррасишуда.
Замимаи 1
Шумораи умумии диссетатсияҳои дар шуро баррасигардида
№ | Насаб, ном ва номи падари довталаб | Роҳбар ё мушовири илмӣ | Дараҷаи илмӣ | Рамзи ихтисос | Ҷаласаҳои ҳимоя (бори аввал, такрорӣ, якдафъаина) |
1. | Қурбонбекова Гулангис Ошурбековна | Абодуллоева Сафина | Доктори илмҳои филологӣ | 10.02.00 – Забоншиносӣ (10.02.01 – Забони тоҷикӣ) | Бори аввал |
- 3. Шумораи диссертатсияҳои дар шуро бозхонд ё радшуда. Роҷеъ ба банди 6 ва 7 -и талабот оиди ҳисобот; диссертатсияҳо аз Шуро бозхонд ва рад шудагӣ нестанд.
- Шумораи мактубҳои содиротӣ ва воридотӣ (муҳтавои мухтасари онҳо). Фақат як мактуби ҳисоботӣ.
5.Теъдоди узви шуро, ки дар бештар аз 2 ҷаласаи шуро иштирок накардаанд (бо нишон додани санаҳо ва сабабҳои он). Аъзоёни шурои диссертатсионӣ дар ҳамаи ҷаласаҳо иштирок намуданд. Аъзоёни шуро 4 нафар (Дӯстзода Ҳамрохон Ҷумъа, Шокириён (Шокиров) Туғрал Сироҷзода ва Абодуллоева Сафина) дар ду ҷаласа тариқи маҷозӣ иштирок намуданд. Дар ҷаласаи охирон, ки 5.11.2025 баргузор гардид, як нафар (Абдулназарзода А.А.) аз сабаби дар сафари хизматӣ будан иштирок кардан натавонист.
- Мақолаҳои илмии нашршудаи узви шуро дар маҷаллаҳои тақризшавандаи комиссия ва байналмилалӣ (Scopus, Web of Scence) дар давраи ҳисоботӣ. (Замимаи 3).
7.Парвандаҳои аттестатсионии аз ҷониби Комиссия ба коркарди иловагӣ баргардонидашуда -мавҷуд нест.
8.Баррасии масъалаи аз нав аттестатсиякунонии диссертатсияҳо –нест.
9.Тағйиру иловаҳо ба ҳайати шуро ва сабабҳои он –як нафар.
10.Ҳолати гузаронидани ҷаласаҳо тариқи маҷозӣ – чунин ҷаласаҳо 2 маротиба гузаронида шуданд.
11.Маълумот оид ба ҳолати бойгонии шуроҳои диссертатсионӣ (теъдоди парвандаҳои бойгонишуда) –дар айни ҳол мавҷуд нест.
12.Диссертатсияҳои беҳтарини ҳимояшуда (аз нигоҳи навгонии илмӣ ва нуқтаҳои ҳимояшаванда) -айни ҳол нест.
- Муқаризи расмии беҳтарин (узви шуро) бо нишондодани мавзуи экспертиза – то кунун муайян нашудааст, чунки шуро бори аввал як ҳимояро гузаронидааст.
- Баргузории маҷлисҳо бо роҳбарони илмӣ ва докорантону унвонҷӯён ҷиҳати дарки методологияи илмӣ– ду маротиба
15.Пешниҳод ва тавсияҳо ҷиҳати беҳбуд бахшидан ба раванди аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмию техникии тахассуси олӣ.
Аз сабаби бори аввал баргузор гардидани ҷаласаи шуро, масъалаи мазкур щоло дар арафаи омӯзиш қарор дорад.
Раиси Шуро Аламшоев Муқбилшо
Котиби илмии шуро Беҳроншо Ҷумъа Саидяҳё