ҲИСОБОТ оиди фаъолияти Шурои диссертатсионӣ 6D.КОА-086-и назди Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев
1.Мутобиқи сархати 14 банди 9 ва сархати 4 банди 18 Низомномаи муассисаи давлатии “Комиссияи олии аттестатссионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” (Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 110 ноябри соли 2021,№ 270) ва бандҳои 15, 20,21 ва 22 Низомномаи шурои диссертатсионӣ (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №267), шурои диссертатсионӣ оид ба дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯи ихтисоси 6D 060700 – Биология (6D060701 –Ботаника ва 6D0607018-Физиология ва биохимияи растаниҳо) 03.00.00-Биология (03.01.05-Физиология ва биохимияи растаниҳо) ва 03.02.00-Биологияи умумӣ (03.02.01-Ботаника) дар назди Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев аз санаи 31.01.2025,” № 43/шд шурои диссертатсионӣ таъсис дода шуда, фаъолият намуда истодааст.
2.Маълумот дар бораи теъдоди дисертатсиящои баррасишуда.
Замимаи 1
Шумораи умумии диссетатсияҳои дар шуро баррасигардида
№ | Насаб, ном ва номи падари довталаб | Роҳбар ё мушовири илмӣ | Дараҷаи илмӣ | Рамзи ихтисос | Ҷаласаҳои ҳимоя (бори аввал, такрорӣ, якдафъаина) |
1. | Асматбекова Фарзина Якубалишоевна | Наврузшоев Довудшо | Доктори илмҳои биологӣ | 03.02.01-Ботаника | Бори аввал-30.09.2025 |
2. | Халилов Баҳром Нуруллоевич | Сатторов Раҳматулло Бобоевич | Доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор | 03.02.01-Ботаника | Бори аввал (муҳокима) |
- 3. Шумораи диссертатсияҳои дар шуро бозхонд ё радшуда. Роҷеъ ба банди 6 ва 7 -и талабот оиди ҳисобот; диссертатсияҳо аз Шуро бозхонд ва рад шудагӣ нестанд.
- Шумораи мактубҳои содиротӣ ва воридотӣ (муҳтавои мухтасари онҳо). Фақат як мактуби ҳисоботӣ.
5.Теъдоди узви шуро, ки дар бештар аз 2 ҷаласаи шуро иштирок накардаанд (бо нишон додани санаҳо ва сабабҳои он). Аъзоёни шурои диссертатсионӣ дар ҷаласаҳо иштирок намуданд. Аъзоёни шуро 4 нафар (Абдуллоев А., Тағоева Х.Э., Евдокимова Г.Н., Наврузбекова М.Д.) дар ду ҷаласа тариқи маҷозӣ иштирок намуданд. Дар ҷаласаи охирон, ки 28.10.2025 баргузор гардид, ду нафар (Мусоев С.М., Наврузбекова М.Д.) аз сабаби дар сафари хизматӣ будан иштирок карда натавонистанд.
- Мақолаҳои илмии нашршудаи узви шуро дар маҷаллаҳои тақризшавандаи комиссия ва байналмилалӣ (Scopus, Web of Scence) дар давраи ҳисоботӣ. (Замимаи 3).
7.Парвандаҳои аттестатсионии аз ҷониби Комиссия ба коркарди иловагӣ баргардонидашуда -мавҷуд нест.
8.Баррасии масъалаи аз нав аттестатсиякунонии диссертатсияҳо –нест.
9.Тағйиру иловаҳо ба ҳайати шуро ва сабабҳои он –мавҷуд нест.
10.Ҳолати гузаронидани ҷаласаҳо тариқи маҷозӣ – чунин ҷаласаҳо 4 маротиба гузаронида шуданд.
11.Маълумот оид ба ҳолати бойгонии шуроҳои диссертатсионӣ (теъдоди парвандаҳои бойгонишуда) –дар айни ҳол мавҷуд нест.
12.Диссертатсияҳои беҳтарини ҳимояшуда (аз нигоҳи навгонии илмӣ ва нуқтаҳои ҳимояшаванда) -айни ҳол нест.
- Муқаризи расмии беҳтарин (узви шуро) бо нишондодани мавзуи экспертиза – то кунун муайян нашудааст, чунки шуро бори аввал як ҳимояро гузаронидааст.
- Баргузории маҷлисҳо бо роҳбарони илмӣ ва докорантону унвонҷӯён ҷиҳати дарки методологияи илмӣ– ду маротиба
15.Пешниҳод ва тавсияҳо ҷиҳати беҳбуд бахшидан ба раванди аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмию техникии тахассуси олӣ.
Аз сабаби бори аввал баргузор гардидани ҷаласаи шуро, масъалаи мазкур щоло дар арафаи омӯзиш қарор дорад.
Раиси Шуро Мамаризохонов Акбар Алихонович
Котиби илмии шуро Содатқадамова Таҳмина Мабатқадамовна