Шуъбаи ҳамоҳангсозӣ бо барномаҳо, лоиҳаҳо ва дарёфти грантҳо

Сардори шуъбаи  ҳамоҳангсозӣ бо барномаҳо, лоиҳаҳо ва дарёфти грантҳо Азизмамадова Майсара Алифбековна

Шуъбаи ҳамоҳангсозӣ бо барномаҳо, лоиҳаҳо ва дарёфти грантҳо дар соҳаи маориф дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев бо қарори донишгоҳ аз 01 феврали соли 2018, №83 таъсис дода шудааст.

         Шуъба ҳамчун воҳиди муҳимми сохтори донишгоҳ фаъолият намуда, мақсад дорад имкониятҳои лоиҳавӣ ва грантиро барои рушди маориф, илм ва инфрасохтор ҷалб ва ҳамоҳангсозӣ намояд. Вазифаҳои асосии он инҳо мебошанд:

Ҷалби грантҳо ва маблағгузории беруна барои барномаҳои таълимӣ, илмӣ ва инфрасохторӣ;

Омодасозии дархостҳо, пешниҳодҳо ва лоиҳаҳо барои донорҳои миллӣ ва байналмилалӣ;

Идоракунӣ, мониторинг ва арзёбии татбиқи лоиҳаҳои амалкунанда;

Ҳамоҳангсозии таҷрибаомӯзӣ, тренингҳо ва фаъолиятҳои таълимӣ дар доираи лоиҳаҳо;

Рушди ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва муассисаҳои таҳсилотӣ;

Таҳияи барномаҳои нави таълимӣ ва стратегияи рушди донишгоҳ дар асоси лоиҳаҳо;

Таҳияи ҳисоботҳои техникӣ ва молиявӣ барои ташкилотҳои донорӣ.

         Шуъбаи ҳамоҳангсозӣ бо барномаҳо, лоиҳаҳо ва дарёфти грантҳо яке аз бахшҳои муҳимми такони рушди Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба ҳисоб меравад.

 Айни ҳол дар шӯъба 6 кормандони зерин фаъолият карда истодаанд:

1.Азизмамадова М.А

2.Мардонова Т.М

3.Толибова Н.М.

4.Қоимдодзода С.Ҳ

5.Давлатмирова М.Б.

6.Ниҳолова Г.Қ

Роҳбарии шуъбаи мазкурро то имрӯз омӯзгорони зерин ба уҳда доштанд: Мардонова Т.М., Гуламадшоева Л., Шомамадова З.Д., ва айни ҳол вазифаи сардори шуъбаро Азизмамадова Майсара Алифбековна иҷро мекунад.