Шуъбаи ташкил, банақшагирии корҳои илмӣ ва иноватсия

Мудири шуъбаи ташкил, банақшагирии корҳои илмӣ ва иноватсия Умед Мамадшерзодшоев
Шуъбаи ташкил, банақшагирии корҳои илмӣ ва иноватсияи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев аз 1 январи соли 2025 ташкил гардидааст ва роҳбари аввали ин шуъба Азизмамадова Майсара интихоб гардид. Шуъбаи мазкур зертобеи Раёсати илм ва иноватсия маҳсуб шуда, ба проректор оид ба илм ва иноватсияи ДДХ итоат мекунад. Кормандони шуъба барои рушди фаъолиятҳои илмӣ-тадқиқотӣ корҳои зеринро анҷом медиҳанд:
- рушд додани илм ба воситаи таҳқиқоти илмӣ ва фаъолияти эҷодии кормандони раёсати илм, истифодаи натиҷаҳои бадастомада дар ҷараёни таълим ва истеҳсолот;
- тибқи тартиби муқарраргардида, баҳогузории фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии омӯзгорони кафедраҳо;
- ташкил ва баргузории семинарҳо, конференсияҳо, симпозиумҳо ва дигар чорабиниҳои илмии сатҳи гуногун;
– ҳамоҳангсозии фаъолияти Шӯрои олимони ҷавон, семинарҳои илмии назди кафедраҳои тахассусию умумидонишгоҳӣ, ҷамъияти илмии донишҷӯён ва маҳфилҳои илмии донишҷӯён;
- омода кардани ҳисоботҳои илмӣ ва маълумотномаҳо тибқи тартиботи муқарраргардида.
- Омода ва таҳрир намудани мақолаҳои омӯзгорони ДДХ барои сайти донишгоҳ.
- Омода ва таҳрир намудани резаахбори конфронсҳо, семинарҳо ва ҳамоишҳои сатҳи факултетҳо ва донишгоҳӣ ва омода намудани онҳо барои сайти донишгоҳ.
- Кумак намудан ба омӯзгорон ва донишҷӯён дар таҳрир намудани мақолаҳои илмӣ.
Аз моҳи октябри соли 2025 м.к. Умед Мамадшерзодшоев ба вазифаи мудири шуъбаи ташкил, банақшагирии корҳои илмӣ ва инноватсияи раёсати илм ва иноватсияи ДДХ таъйин гардиданд.