Шуъбаи тарбияи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев

Мудири шуъбаи тарбия Гулоб Обид Холиқ

Шуъбаи тарбия сохтори таркибии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев буда, дар асоси Оинномаи донишгоҳ ва Низомномаи Шурои олимони донишгоҳ амал намуда, дар тамоми масъалаҳое, ки ба тарбия алоқамандӣ дорад, дар фаъолияти худ асоси танзимкунандаи ин самт ба ҳисоб меравад. 

Кормандони шуъбаи тарбия барои дар амал татбиқ намудани қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи миллии тарбия, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи кӯдак», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оинномаи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев», қарорҳои Шурои олимон, фармоишҳои ректори донишгоҳ ва супоришҳои раёсати донишгоҳ вазифадоранд.

Бо мақсади ҷашн гирифтани санаҳои таърихӣ ва ҷалб намудани ҳайати устодону донишҷӯёни донишгоҳ ба чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ва варзишӣ Шуъбаи тарбия нақша-чорабиниҳо таҳия намуда, иҷрои онро дар тамоми зерсохторҳои қисми тарбияи донишгоҳ зери назорати ҷиддӣ қарор медиҳад.

Инчунин Шуъбаи тарбия ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешида, дар дарсҳои тарбиявии гуруҳҳои академӣ омӯзиши пайвастаи онро ба роҳ монда, ҷараёни баргузории дарсҳои тарбиявиро мувофиқи нақшаи тасдиқшуда назорат мебарад.

Шуъбаи тарбияи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев воҳиди сохтори донишгоҳ буда, моҳи апрели соли 2023 таъсис ёфтааст. Роҳбарии Шуъбаи тарбияи донишгоҳ аз 1-уми апрели соли 2023 то 17-уми марти соли 2025 Худоберди Розиқ Боронбек ба уҳда доштанд. Аз моҳи марти соли 2025 то моҳи августи соли 2025 Асаншоев Давлатқадам Сикандаршоевич ва аз моҳи сентябри соли 2025 то инҷониб сардори шуъба Гулоб Обид Холиқ ба уҳда доранд.