Шуъбаи табъу нашри Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев

Мудири шуъбаи табъу нашри Худоберди Розиқ Боронбек

Шуъбаи табъу нашри Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев воҳиди сохтори донишгоҳ буда, моҳи сентябри соли 2016 дар заминаи нашрияи “Фурӯғи маърифат” таъсис ёфтааст. Шуъбаи табъу нашр зерсохтори Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ маҳсуб ёфта, ба муовини ректор оид ба илм ва инноватсия тобеъ мебошад.

Дар сохтори шуъбаи табъу нашр, матбааи донишгоҳ, нашри Паёми Донишгоҳи давлатии Хоруғ (бахши илмҳои гуманитарӣ, табиатшиносӣ ва риёзӣ) фаъолият менамоянд. Инчунин чопи   монография, рисолаҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ, барномаҳои таълимӣ, васоити таълимӣ, дастурҳои таълимӣ – методӣ, брошюра, фишурдаву маҷмӯаи мақолаҳои илмии устодон, докторантон, магистрантон ва кормандони донишгоҳро таҳти назорат қарор медиҳад.

Шуъбаи табъу нашри ва иттилооти донишгоҳ тибқи қонунҳо ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Иттилоот”, фармоишу қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ, Оинномаи намунавии донишгоҳ, қарорҳои Шурои олимони Донишгоҳ ва фармоишу дастурҳои ректори донишгоҳ фаъолият бурда истодаст.

Шуъбаи табъу нашри ва иттилооти донишгоҳ якҷоя бо сохторҳои худ, яъне матбаа дар ҳайати 4 нафар: сардори шуъба, мусаҳҳеҳ ва ду нафар коргари матбаа – мутахассиси чопӣ ва корманди техникӣ фаъолият мекунад.

Роҳбарии Шуъбаи табъу нашри донишгоҳ аз соли 2016 то 29.08.2018 доктори илмҳои филологӣ, профессор Офаридаев Назрӣ ба уҳда дошта то соли 2023 ҳамчун мусаҳҳеҳи шуъба фаъолият намудааст. Аз 1-уми июни соли 2023 то 17-уми марти соли 2025 сардори шуъба Мирзоқандов Ҳофиз ва аз 17-уми марти соли 2025 то инҷониб сардори шуъбаи табъу нашри ва иттилооти донишгоҳ Худоберди Розиқ Боронбек ба уҳда дорад.