ФАКУЛТЕТИ ФОСИЛАВӢ ВА ҒОИБОНА

Декани факултети фосилавӣ ва ғоибона Бунётов Нағзибек Абдолбекович

Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев аз  соли 1995 дар назди факултетҳои илмҳои табиӣ, иқтисод, филология, таърих ва математика гурӯҳҳои ғоибона ташкил карда шуданд. Дар факултетҳои номбурдашуда барои пеш бурдани раванди таҳсил гуруҳҳои ғоибхон воҳиди кории методистӣ таъсис дода шуда буд. Ин усули раванди таҳсили ғоибона то соли 2018 идома ёфта буд. Бо мақсади ба таври муташаккилона ба роҳ мондани таҳсилоти фосилавӣ бо фармоиши ректор аз 22 – уми январи соли 2018 шуъбаи низоми фосилавӣ таъсис дода шуд. Аз 26 – уми феврали  соли 2018  Шамиров Шокир мудири шӯъбаи таҳсилоти фосилавӣ ва Фақирмамадов Диловар ба вазифаи мутахассиси шӯъбаи таҳсилоти фосилавӣ таъин шуданд. Соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев факултети таҳсилоти фосилавӣ ва ғоибона таҳсис дода шуда, Ҷангибеков Мирзошо  Исломбекович декани факултет таъин гардид. Дар факултет 4 нафар корманд кору фаъолият мекуданд. Декани факултет ва 3 нафар мушовири факултет.

 Факултети таҳсилоти фосилавӣ ва ғоибона аз руи ихтисосҳои номбурда муттахассисонро омода менамояд:

  1. Математика
  2. Информатика
  3. Сохтмони гидротехникӣ
  4. Химия-биология
  5. Биология-экология
  6. Саёҳат ва меҳмондорӣ
  7. География
  8. Таърих. Ихтисои иловагӣ (ҳуқуҳ)
  9. Забон ва адабиёти тоҷик
  10. Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит
  11. Кори бонкӣ
  12. Таҳсилоти ибтидоӣ
  13. Таҳсилоти томактабӣ
  14. Таҳсилоти ибтидоӣ. Санъати мусиқӣ
  15. Педагогикаи иҷтимоӣ, кори иҷтимоӣ.
  16. Тарбияи ҷисмонӣ, омодагии дифои ҳарбӣ.

Аз моҳи октябри соли 2023 Холдорбеков Зафар Сафаралибекович декани факултети таҳсилоти фосилавӣ ва ғоибона таъин карда шуда, то моҳи августи соли 2025 кору фаъолият намуд. Аз моҳи сентябри соли 2025 Бунётов Нағзибек Абдолбекович иҷрокунандаи вазифаи декани факултет таъин гардид.