КИТОБХОНАИ ИЛМӢ

Мудири китобхонаи илмӣ Имроншоева Майрам
Китобхонаи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев аз 5 уми августи соли 1992 фаъолият намуда, дар ошёнаи дуюми бинои марказӣ ҷойгир мебошад. Китобхона аз 1-толори хониш ва як ҳуҷраи нигаҳдории махзани китоб иборат аст.
Аввалин мудири китобхонаи ДДХ Алимамадова Малика буда, ӯ тайи 24 сол дар ин боргоҳи маърифат кору фаъолият кардааст.Дар ин давра дар китобхона чор нафар Офаридаева Қ., Охонвалиева С., Шоҷонова Д. ва Амираи Қосимӣ фаъолият мекарданд.
Соли 2017 вазифаи мудири китобхонаро Офаридаева Қиматмо ба ӯҳда доштанд ва ӯ дар ин вазифа то соли 2021 фаъолият намуданд. Соли 2022 ба вазифаи мудири китобхона Амираи Қосимӣ интихоб гардид. Дар ин давра дар китобхона 5-нафар ОхонвалиеваС., Офаридаева Қ., Мамадасламова Б. Мамадамирова Д. фаъолият мекарданд.
Аз моҳи сентябри соли 2024 Имроншоева Майрам ба ҳайси мудири китобхона таъйин гардид. Мувофиқи иттилои собиқ мудири китобхона А.Қосимӣ, баъди ҷамбасти натиҷаи тафтиши гурӯҳи корӣ,ки соли 2024 аз тарафи шуъбаи илм ва иноватсия баргузор гардид, маълум гардид, ки тедоди умуми китобҳои ин махзан 48 340 ададро ташкил медиҳанд.
Аз соли 2024 то инҷониб дар китобхонаи илмӣ китобдорони зерин кор ва фаъолият мекунанд:
- Имроншоева Майрам – мудири китобхонаи илмӣ
- Охонвалиева Суханоро- саркитобдори китобхона
- Довутова Райҳон – китобдори китобхона
- Мамадасламова Бодом – китобдори китбхона
- Миракова Лайло -китобдори китобхонаи хобгоҳи донишҷуён
Имрӯз фонди умумии китобхона 49,483 ададро ташкил медиҳад аз инҳо 40,800 адад китобҳои дарси, 6,497 адад китобҳои бадеӣ ва 2,186 адад дастури таълими методӣ мебошанд. Китобхонаи илмии Донишгоҳ дорои се шуъба аст. Якум шуъбаи факултети забонҳои хориҷи, ки тедоди умумии китобҳояш 3001-адад буда, дорои 6 компютер мебошад. Теъдоди умумии Шуъбаи китобхонаи факултети иқтисод 2,290-адад буда, дорои як компютер аст. Шуъбаи сеюми китобхонаи илмӣ дар хобгоҳи донишҷуёни донишгоҳ кору фаъолият намуда, ки зиёда аз 2000-адад китоб дорад ва соҳиби 5 компютер мебошад.
Дар донишгоҳ китобхонаи электронӣ фаъолият мекунад, ки дорои 11-адад компютер мебошад. Дар базаи китобхонаи электронӣ 48 000 адабиётҳои таълимӣ барои истифодаи донишҷуён ва омӯзгорон ворид шудааст. Дар китобхонаи илмии донишгоҳ як телевизор, як кондисионери калон, як компютер ва парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд мебошад.