🇹🇯📙🏢БОЗДИДИ МУОВИНИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН МИРЗОНАБОТ АЛИШЕР ХУДОБЕРДӢ АЗ ДОНИШГОҲ🇹🇯📙🏢
🗓🏢Имрӯз Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ аз Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев дидан намуданд.
🌍📚Дар ҷараёни боздид, раиси вилоят бо фаъолияти марказҳои нави таълимӣ аз наздик шинос гардиданд. Иттиллоъ дода шуд, ки дар донишгоҳ 🇮🇳“Маркази фарҳангии Ҳиндустон” фаъолият менамояд, ки дар доираи он курсҳои такмили ихтисоси устодон ва мубодилаи таҷрибаи донишҷӯён ба роҳ монда шудааст.
Ҳамчунин бо фаъолияти 🏡“Маркази таълимии иқтисоди сабз” ифтитоҳ бахшиданд. Маркази таълимии мазкур бо таҳҷизоти муосири техникӣ муҷаҳҳаз гардида, барои омода намудани мутахассисони соҳаи иқтисодиёт заминаи мустаҳкам мегузорад.
📚Пас аз ифтитоҳи марказҳои болозикр вохурии раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ бо ҳайати профессорон, омӯзгорон ва донишҷӯёну магистрантон дар толори калони донишгоҳ сурат гирифт.
📖Дар идомаи баромади худ раиси вилоят аз хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, қайд карданд, ки марҳилаи нави рушди устувори 🛣вилоят ба амният ва сулҳу суботи комил вобаста аст.
📊Раиси вилоят афзуданд, ки кишвари мо дар қатори амнтарин кишварҳои ҷаҳон қарор дорад, ки мояи ифтихори мо тоҷикон мебошад. Ҳамчунин аз рушди устувори иқтисодии минтақа сухан кушода, бо мадраку далоили қотеъ ва қиёсу муқобала дар зарфи солҳои охир сохта ва ба истифода додани ширкату корхонаҳоро таҳлили оморӣ намуданд.
📌Раиси вилоят доир ба татбиқи 🏔🏗🏭ҳадфҳои стратегӣ дар вилоят маълумоти муфассал пешниҳод намуданд. Доир ба муборизаҳои иттилоотӣ ва истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби донишҷӯёну устодон таъкидҳои махсус гардид.
📜Дар анҷоми вохурӣ музокироти самимӣ бо ҳайати профессорон, омӯзгорон ва донишҷӯёну магистрон сурат гирифт. Раиси вилоят аз саҳми ҳайати бонуфузи донишгоҳ дар тайёр кардани мутахасисон ёдовар шуда, ба фаъолияти омӯзгорони ин даргоҳ баҳои воқеӣ доданд.

















