Ифтитоҳи расмии маркази лоиҳаи GDCAU дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ
Марказ бо таҳҷизоти муосири таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, устодон раванди дарсро тавассути усулҳои муосири таълимӣ ба роҳ мондаанд.
Маркази таълимии «Иқтисоди сабз» бо мақсади мусоидат ба рушди устувор, ҳифзи муҳити зист ва татбиқи принсипҳои иқтисоди “сабз” дар минтақа таъсис дода шудааст.
Маркази «Иқтисоди сабз» ҳамчун платформаи таҳлилӣ ва амалии донишгоҳ фаъолият намуда, ба татбиқи ҳадафҳои рушди устувор ва сиёсати миллии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист мусоидат мекунад.
Фаъолияти чунин марказҳо дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба рушди илм ва технология, баланд бардоштани рақобатпазирии кадрҳои илмӣ ва татбиқи инноватсияҳо дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ нигаронида шудааст.
Post Views: 21









