Эълони Тендер

ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ БА НОМИ МЁНШО НАЗАРШОЕВ
дар доираи татбиқи лоиҳаи байналмилалӣ
“Green Deal for Central Asian Universities” (GDCAU, №101179245, бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо)

ЭЪЛОН МЕКУНАД ТЕНДЕР

барои хариди таҷҳизот ҷиҳати амалисозии фаъолияти маркази “Green Deal” ва рушди барномаҳои таълимӣ-таҳқиқотӣ оид ба рушди устувор.

Номи харид:

Таъминот бо таҷҳизоти зарурӣ барои фаъолияти Маркази Green Deal ва озмоишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар назди донишгоҳ.

Ширкат кардан ҳуқуқ доранд:

  • Ширкатҳои ватанӣ ва хориҷие, ки таҷрибаи таъминоти таҷҳизот барои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва пажӯҳишгоҳҳоро доранд.

  • Пешниҳодҳо бояд ба меъёрҳои сифат ва тавсифоти техникӣ мутобиқат намоянд.

  • Иштирокчиён уҳдадоранд талаботи намоёнсозии Erasmus+ (нишонҳо ва дисклеймер) ва қоидаҳои сиёсати нашри лоиҳаро риоя кунанд.

Тартиби гирифтани маълумоти муфассал:

Тафсилот ва рӯйхати пурраи таҷҳизоти зарурӣ тавассути почтаи электронӣ ё шахсан дар донишгоҳ дастрас карда мешаванд.

Шахси масъул:
Тоҷигул Мардонова
Координатори лоиҳаи ERASMUS+ дар доираи GDCAU
E-mail: tojigulmardonova2@gmail.com
Тел: +992 93 600 41 26

Мӯҳлатҳо:

  • Қабули аризаҳо: то 27.09.2025.

  • Баррасӣ ва баҳодиҳии пешниҳодҳо: 30.09.2025.

  • Анҷоми интиқоли таҷҳизот: то 20.10.2025.